ИСТИҚЛОЛИЯТ — БАХТИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди соҳибистиқлолӣ ва озодӣ

Сентябрь 6, 2024 09:38

ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз заминаҳои асосии ҳувияти миллати тоҷик доштани ҳисси мустақилият ва озодӣ буда, фарзандони бонанги ӯ дар тамоми уфуқҳои мавҷудият барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд. Таърихи давлатдории тоҷикон нишони он аст, ки давоми таърихи гузаштаи худ ин сарзамин бо ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи душманон рӯ ба рӯ шуда, ҳамеша мардони бошараф намегузоштанд, ки миллат дар тобеият ва дастнигарии душманон қарор гирад.

Воқеан ҳам дар замони муосир истиқлолияти сиёсӣ яке аз рукнҳои асосии мавҷудияти давлат буда, метавонад сабаби пешрафти чашмгири тамоми паҳлуҳои зиндагии иҷтимоӣ шавад. Аз ин рӯ барои ҳар фарди ватанпарвари тоҷик дарку фаҳмиши моҳияти истиқлолияти сиёсӣ амри ногузир мебошад. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ишора намудаанд, «ҳар сокини мамлакат бояд ба қадри истиқлолият бирасад ва онро чун «гавҳараки чашм» ҳифз намояд».

Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик неъмати бузург аст. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. 9 сентябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба иди расмии давлатӣ табдил ёфт, ки он ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Давлатҳои гуногуни ҷаҳон марҳила ба марҳила Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд. Конститутсияи нави соли 1994 қабулгардида сохтани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро эълон намуд. Вале, бадхоҳони миллат давлатеро, ки тоза соҳиби истиқлол шуда буд, ба ҷанги шаҳрвандии бародаркуш кашиданд, ки ин ҷанг аз соли 1992 то 1997 идома ёфт. Аммо фарзандони баору номуси миллат зери роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷанг хотима бахшиданд ва миллати тоҷик дубора ба ризоияти миллӣ ва ваҳдати саросарӣ расид.

Хатари нобудшавии давлати тоҷикон пешгирӣ карда шуд. Дар ин хусус Президенти Тоҷикистон чунин гуфта буданд: «Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол расман шинохта шудааст.

Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими мамлакат боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонида, ҳар сокини Тоҷикистон аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби Ватани озод ва давлати мустақил аст. Ин на ба ҳама халқҳо муяссар мешавад.

Пешвои миллат соҳиби давлат будан ва доштани истиқлолиятро барои тоҷикон «рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз» дониста, чунин гуфтаанд: «Халқи тоҷик тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад ва аз саодати бузурге бархурдор аст. Ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст».

Ҳикматулло ХОҶАЕВ,
муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 6, 2024 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Рашт иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд