«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиш доир гардид

Сентябрь 7, 2024 16:23

ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва эъмори давлатдории миллӣ» ҳамоиш доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дилшод Раҳмон иброз намуд, ки миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик анъанаҳои неку волои ниёгонро асрҳо ҳифз намуда, имрӯзҳо бо тарҳрезию корбаст намудани арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва сиёсию фарҳангӣ дар ҷодаи устувор намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини амнияту осоиш ва якдигарфаҳмию сулҳу оромӣ қадами устувор гузошта, ба фатҳи қуллаи мақсуд ноил мегардад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин роҳи шарафманду саодатбори таҳкими пояҳои давлатсозӣ истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандӯстии миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақоми муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

Дар идома доир ба мавзуи сабақи истиқлолият ва ташаккули давлатдории навини тоҷикон, аҳамият ва вижагиҳои мафҳуми истиқлол маърузаҳо пешниҳод шуданд.

 АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сентябрь 7, 2024 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 24,7 фоиз баробар шуд
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд