ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Академияи идоракунии давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода иброз намуд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор, номусу нанг, рамзи ҳастии миллати бостонӣ, соҳибихтиёриву соҳибдавлатии тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.
Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов ёдовар шуд, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд. Фарзанди баору номуси тоҷик дар роҳи таҳкими арзиши соҳибистиқлолӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати амну осоишта ва сулҳофар ҳастии худро фидо намуданд. Маҳз бо ташаббусу кордонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат тантана намуд ва Тоҷикистон бо ба даст овардани осоиштагии сиёсӣ ба пайроҳаи ободкориву бунёдкорӣ қадам ниҳод.
Иштирокдорон Истиқлоли давлатиро заминаи рушди давлатдории миллӣ арзёбӣ намуданд. Иброз гардид, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат ислоҳоти куллии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал оварда шуд. Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илму фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид.
Файзи Истиқлол Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун мамлакати мустақилу ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд. Имрӯз Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро зиёда аз 180 мамлакати дунё расман эътироф намудаанд, ки ин нишонаи возеҳи Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ шуруъ аз 4 то 12 сентябр конференсияҳои илмӣ-назариявӣ баргузор мегарданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд






