КАМОЛОТИ ИНСОНӢ АЗ САВОДУ МАЪРИФАТ ВОБАСТА АСТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар таҷрибаи давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози соли нави таҳсил ва Дарси сулҳ иштирок намудан дар дарси аввали ин ё он муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва миёна ба ҳукми анъана даромада, мулоқоти озоду шаффоф ва дастуру ҳидоятҳояшон ба пешбурди соҳа такони бузург мебахшад.
«Ман дар сиёсати худ пешрафти соҳаи маорифро дар ҷои аввал мегузорам» — ин гуфтаи Пешвои миллат ифтихори ҳар яки мо, кормандони соҳаи маориф мебошад. Дар мулоқоти навбатӣ низ Сарвари давлат бо таҳлили амиқи соҳа дар баробари рушди тамоми соҳаҳо чун ҳамеша ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ авлавият дода, масъулияти моро барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия бештар намуданд.
Воқеан ҳам ҷаҳон дар ҳоли тараққиёти илму техника қарор дорад. Дар шароити бархӯрди тамаддунҳо, авҷи буҳрони молиявию иқтисодӣ ва ниҳоят сиёсӣ давлатҳое побарҷо мемонанд, ки дорои иқтисоди қавию шаҳрвандони аз лиҳози дониш, илм ва маърифат пешрафта бошанд. Таҷрибаҳои давлатҳои пешсафи ҷаҳон собит намуданд, ки роҳи истодагарӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир- ин рушд бахшидани соҳаи маориф ва таҳаввулот дар ҷодаи илму техника мебошад.
Сарвари давлат ҳанӯз 14 сол муқаддам дар Тоҷикистон бо мақсади таҳким бахшидани илму техника дар маорифи миллӣ ва иқтисодиёт дар ҷумҳурӣ Соли фарҳанги техникӣ эълон намуданд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Ҳамчунин дар ин фосила даҳҳо барномаҳои давлатӣ рӯи кор омаданд, ки ба баланд бардоштани завқу шавқи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва техника такони бузург бахшид. Дар ин росто теъдоди муассисаҳои олии мамлакат аз 13 адади то соҳибистиқлолӣ ба 47 адад расонида шуд, ки аз ин шумора беш аз 20 донишгоҳу донишкада дар самти илмҳои дақиқ ва риёзӣ, инчунин техникаву технология фаъолият пеш мебаранд. Дигар аз рақамҳои хушҳолкунада он аст, ки агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Сарвари давлат ташаббус нишон дода, давоми даҳ соли охир дар оғози соли нави таҳсил ва Дарси сулҳ дар ифтитоҳи чандин муассисаҳои олӣ, аз қабили бинои факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи тиббии шаҳри Данғара, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои пешрафт, таҳкими пояи моддиву техникӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҷалби довталабон ба равияҳои илму техникӣ дастурҳо доданд.
Яке аз дастовардҳои бисёр ҳам муҳим ин аст, ки имрӯз аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дорои иқтидори бузурги кадрӣ буда, махсусан ҷавонон бо дарки масъулият ва огоҳӣ аз равандҳои муосири таълим ба шогирдон дарс мегӯянд. Бояд эътироф намуд, ки маҳз баланд бардоштани шавқи ҷавонон ба илмҳои дақиқ ва риёзӣ аз чигунагии маҳорати омӯзгор вобастагии калон дорад. Омӯзгор дар фосилаи машғулият бояд аз воситаҳои муосири электронӣ, ба мисли тахтаи электронӣ ва проекторҳо бо маҳорати баланд истифода намояд. Дигар омил, ки ба пешрафти соҳа таъсир мерасонад, ин мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ ва ҳарчи бештар таъсис додани озмоишгоҳҳои замонавӣ мебошад. Дар ин самт татбиқи амалии «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифаи асосии мо маҳсуб мешавад.
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд меваи шаҳдбори дарахти истиқлол маҳсуб шуда, 14 сол пеш бо эҳтимоми Сарвари давлат дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ арзи ҳастӣ кардааст. Давоми ин солҳо донишкада ҳазорҳо соҳибихтисоси риштаҳои барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, телекоммуникатсия, иқтисодиёт, молия ва қарз, энергетику нақлиётчӣ, меъмору сохтмончӣ, технологияи маҳсулоти хӯрокворию дӯзандагиро ба соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат эҳдо намудааст.
Донишкада аз рӯзҳои нахустини фаъолият мақсад гузошта буд, ки барои баланд бардоштани таълиму тарбия ва шаффофият дар таълим дар такя ба неруи бузурги дониши устодон корро пеш мебарад. Аввалин иқдоме, ки дар ин ҷода амалӣ шуд, ин таъсиси системаи ягонаи иттилоотии идоракунии донишкада мебошад, ки тавассути он ҳамаи муомилоти иттилоот, раванди таълим, тарбия, назорати давомоти хониш ва дигар корҳо ба роҳ монда шуданд.
Дигар аз қадами қатъӣ- ин ба роҳ мондани имтиҳонҳои марказонидашудаи тестӣ мебошад, ки ҳанӯз аз соли 2010 инҷониб натиҷаи дониши донишҷӯён ба таври тестӣ тавассути компютер баҳогузорӣ гардида, баҳои ниҳоӣ дарҳол дар шабакаи иттилоотии идоракунии донишкада ба донишҷӯён дастрас мешавад.
Донишкада дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, усули таҳсили фосилавиро амалӣ намуда, ҳоло дар донишкада аз рӯи 5 ихтисос беш аз 300 донишҷӯ тариқи фосилавӣ таълим мегиранд. Ҳамаи устодон бо огаҳӣ аз усулҳои муосири таълиму тадрис тавассути вебинар ба шогирдон дарс мегӯянд.
Дар донишкада ҳамчунин китобхонаи рақамӣ фаъол аст, ки китобҳои дарсӣ ва бадеӣ он ҷо ворид карда шуда, ба донишҷӯён дастрас мебошанд. Дар донишкада давоми 5 соли охир зиёда аз 30 озмоишгоҳи нав таъсис дода шуда, дар маҷмуъ теъдоди озмоишгоҳҳо ба 48 адад расонида шуд. Синфхонаҳо бо тахтаи электронӣ ва проекторҳо таъмин мебошанд. Дар назди 8 коргоҳи истеҳсолӣ филиалҳои кафедраҳо амал менамоянд. Ҳамасола аз шумули зиёда аз 750-800 хатмкунанда аксарият ба пешрафтатарин коргоҳу муассисаҳои ҷумҳурӣ ба кор ҷалб мешаванд.
Натиҷаи ҳамаи ин корҳои нек аст, ки устодону шогирдон дар озмуну олимпиадаҳо мунтазам ғолиб мешаванд. Се устоди донишкада ба гирифтани Ҷоизаи давлатӣ дар риштаи илмҳои дақиқ муваффақ гардида, ҳамчунин 3 шогирди донишкада дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», 2 нафар дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ (барномарезӣ, физика) ва 2 нафар дар озмуни вилоятии ихтироъкорони ҷавон ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Ҳоло пешорӯи мо ҳамон тавре, ки Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ иброз доштанд, тарбияи кадрҳои соҳибтахассус меистад. Махсусан омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани дониши сиёсӣ ва эмин доштани ҷавонон аз ҷараёни қувваҳои иртиҷоангез рисолати мо маҳсуб мешавад. Зеро агар донишҷӯ бо дониш мусаллаҳ бошад, ягон қувва ӯро ба сӯи худ моил карда наметавонад. Танҳо худшиносӣ, ифтихори баланди миллӣ, садоқат ба ормонҳои давлатдорӣ ва омӯзиши Мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат моро дар зиндагӣ саодатёр мегардонад.
Шаҳриёр САЪДУЛЛОЗОДА,
директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»