Картошкаи водии Рашт бо лаззату хуштаъм буда, ҳамто надорад

Сентябрь 15, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт дар хоҷагиҳои деҳқонии «Майдонтерак»-и деҳаи Кӯҳдоман ноҳияи Лахш ба мавсими ҷамъоварии картошка оғоз бахшиданд.

Масоҳати заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Майдонтерак ба 78,50 гектар баробар буда, 40,43 гектари онро заминҳои обӣ, беш аз 33 гектарро заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон ва 2 гектарро боғ ташкил медиҳад. Дар ин мавзеъ асосан картошка парвариш карда мешавад.

Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия майдони умумии картошка 5 ҳазору 457 гектарро ташкил дода, тибқи интизории мутахассисон, имсол ҳосилнокии он ба 250-270 сентнер аз як гектар мерасад. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Лахш, майдони кишти картошка дар ноҳия сол ба сол зиёд гардида, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад. Аз ҷумла, имсол майдони кишт нисбат ба соли гузашта 89 гектар зиёд буда, истеҳсоли зиёда аз 107 ҳазор тонна дар назар аст.

Шароит ва иқлими ноҳияи Лахш барои картошкапарварӣ хеле мусоид буда, ноҳия дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин навъи маҳсулот саҳми назаррас дорад. Хоҷагидорони ноҳияи Лахш асосан навъҳои тухмиҳои «Тоҷикистон», «Пикассо», «Покистон», «Сурхоб», «Эвалюшн», «Аризона», «Элита», «Гала» ва «Бигроза»-ро кишт мекунанд, ки серҳосил мебошанд.

Тибқи иттилои мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қурбоналӣ Партоев, ҳоло дар Тоҷикистон зироати картошка дар саросари мамлакат дар майдони беш аз 50 ҳазор гектар кишт гардида, истеҳсоли умумии он ба беш аз як миллион тонна расонида шудааст. Вале, бо назардошти сол аз сол афзоиш ёфтани аҳолӣ зарур аст, ки истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ боз ҳам зиёд гардад.

«Яке аз минтақаҳои асосии истеҳсоли картошкаи хуштаъм ноҳияҳои водии зархези Рашт ба шумор мераванд, ки деҳқонону картошкапарварони он ҳар сол ҳосили баланди картошка ба даст оварда, дастархони мардуми ҷумҳуриро бо ин маҳсулоти ғизоӣ таъмин менамоянд. Дар ҳудуди ноҳияҳои ин водӣ картошка дар майдони беш аз 12 ҳазор гектар кишт гардида, истеҳсоли умумии он зиёдтар аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки картошкаи истеҳсоли ин водӣ бо лаззату хуштаъмиаш ҳамто надорад»,-гуфт Қурбоналӣ Партоев.

Барои минбаъд баланд бардоштани ҳосилнокии картошка навъҳои серҳосил, тухмии хуб ва тухмипарварии ватанӣ аз омилҳои ҳалкунандаи рушди ояндаи соҳаи картошкапарварӣ ба шумор мераванд. Дар солҳои истиқлолият олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур беш аз 12 навъи нави картошкаро тавассути истифодаи усулҳои генетика, селексия ва биотехнологияи муосир ихтироъ намудаанд, ки ҳоло дар майдони беш аз 12 ҳазор гектар кишт мегарданд. Алалхусус, навъи картошкаи «Тоҷикистон», ки олимони тоҷик дар шароити водии Рашт ба даст овардаанд, хеле серҳосил буда, дар таркиби лӯндаҳояш ду-се маротиба оҳани биологӣ мавҷуд аст, ки барои пешгирӣ намудани касалии камхунӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.  Ба ҳамин тариқ, ҳоло дар мамлакат таҷрибаи нодири ба роҳ мондани тухмипарварии картошка сол аз сол тақвият ёфта, асосан тухмии маҳаллии ин зироат дар истеҳсоли он истифода мегардад.

Картошка яке аз панҷ зироати муҳимтарини ғизоӣ барои одамон буда, нони дуюм ба ҳисоб меравад. Солҳои охир дар ҷаҳон истеҳсоли устувори картошка ва ҳатто тамоюли афзоиши он аз ҳисоби ба вуҷуд овардани навъҳои нави серҳосил, такмили системаи биотехнологии тухмипарварӣ ва технологияҳои парвариши он мушоҳида мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол дар ноҳияи Рашт дар 3430 гектар, дар ноҳияи Тоҷикобод дар 2013 гектар, дар ноҳияи Лахш- 5509, дар ноҳияи Нуробод- 728 ва дар ноҳияи Сангвор дар 1150 гектар картошка кишт шудааст, ки дар маҷмуъ 12 ҳазору 830 гектарро ташкил медиҳад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Баъд аз се соли таваққуф ҳавопаймои АН-28-и «Тоҷик Эйр» ба Хоруғ парвоз намуд
РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ- МУҚАДДАСТАРИН ДАСТОВАРДИ ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои профессор Абдураҳмон Муҳаммад дар ин хусус
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
«ЗАБОН-ПОСДОРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш доир гардид
«Интернет барои хона» боз дар се маҳаллаи шаҳри Душанбе пайдо шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Доир ба дастовардҳо ва дурнамои рушди биологияи таҷрибавӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе дар доираи Конвенсия оид ба манъи истифодаи силоҳи биологӣ ва токсинӣ конфронси байналмилалӣ оғоз ёфт
Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар самти истифодаи технологияҳои нави сохтмонӣ ҳамкорӣ мекунанд