КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Тибқи он имсол аз ноҳияи Сангвор 11 духтар ба муассисаҳои олии Тоҷикистон дохил шуданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ноҳияи Сангвор 11 духтар тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат дохил шуданд.
Давоми солҳои охир 200 нафар духтарони ноҳияи Сангвор тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дохил гардидаанд.
Бояд гуфт, ки аз 41 ҳазору 232 донишҷӯи тоҷике, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо давоми 10 соли охир 11 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм намуданд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки имсол танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи мамлакат барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Ин матлаб зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 баён гардид.
Ёдовар мешавем, ки яке аз иқдоми шоистае, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 анҷом доданд, таъсиси квотаи президентӣ мебошад.
27 сол мешавад, ки духтарону писарон тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дохил шуда, таҳсил менамоянд. Онҳо давоми таҳсил низ аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдор мешаванд. Ҳамчунин барои таҳсили донишҷўёни тариқи квотаи президентӣ дохилшуда шароити хуб фароҳам оварда шуда, онҳо бо хобгоҳ ва идрорпулӣ таъмин мегарданд.
Тибқи иттилои масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои соҳиб шудан ба квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024 1279 квота ҷудо шудааст, ки 656 ҷойи он барои духтарон ва 623 ҷой барои писарон мебошад.
Ин иқдоми Сарвари давлат ба боз ҳам баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин гардидани минтақаҳои кӯҳистони мамлакат мусоидат менамояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






