МАСЛИҲАТИ РАВОНШИНОС. Чӣ тавр кӯдакро ба таҳсил ҳавасманд кардан мумкин аст?

Сентябрь 21, 2024 16:56

ДУШАНБЕ, 21.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бисёр волидайне, ки фарзандони мактабхон доранд,  бештар бо мушкили завқ надоштани онҳо ба омӯзиш рӯ ба рӯ мешаванд. Сабаб дар чист, ки баъзе аз наврасон ба таҳсил шавқ надоранд? Чӣ гуна метавон завқи омӯзиши онҳоро баланд намуд? Равоншиносон барои ҷалби наврасон ба омӯзиш чӣ тавсияҳо медиҳанд?

Волидон бояд барои фарзандон намуна бошанд

Барои ҷалб намудани фарзандон ба таҳсил волидон бояд худ намуна бошанд. Яъне дар назди фарзандон китоб хонанд, ба омӯзиши забонҳо ва дигар илмҳо вақт ҷудо кунанд, то ки фарзандон бовар кунанд, ки таҳсил новобаста ба синну сол барои шахс зарур аст. Ҳатто андаке пешравии кӯдакро таърифу тавсиф кардан зарур аст, то дар ӯ шавқу ҳаваси омӯзиш пайдо шавад. Ин на танҳо ба кӯдакони хурдсол, балки ба наврасон низ дахл дорад, зеро онҳо низ ба дастгирӣ ва руҳбаландӣ ниёз доранд.

Инчунин муҳим аст, ки дастовардҳо ва муваффақияти худро дар кор ва таҳсил муҳокима кунед, ба ин восита нишон диҳед, ки омӯзиш барои ҳар шахс дар ҳама синн раванди муқаррарӣ ва муҳим аст.

Раванди ҳавасмандкунӣ чӣ гуна аст?

Ҳавасмандӣ дар раванди таълими кӯдакон бо якчанд сабаб нақши муҳим дорад. Аввалан, он ба кӯдакон кумак мекунад, ки пеши худ ҳадаф гузоранд ва барои расидан ба мақсадҳояшон кӯшиш кунанд. Вақте ки кӯдак ҳадафҳои возеҳ дорад, ӯ одатан дар таҳсил устувортар мегардад. Вақте ки кӯдакон маъно ва арзиши омӯзишро мебинанд, онҳо майл доранд, ки кӯшиши бештар сарф ва ба раванди таълим таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд.

Фазои дурусти таҳсил бояд фароҳам бошад

Муҳим аст, ки нисбат ба наврас фазои дуруст фароҳам оварда шавад, ки дар он таҳсил ва малакаи тафаккур аз ҷониби ҳамсолон ва калонсолон ба таври муҳим қадр карда шавад.

Ба ибораи дигар, барои баланд бардоштани ҳавасмандии наврасон ба таҳсил берун аз мактаб муҳити мувофиқи таълимӣ, аз қабили даврҳои гуногуни таълимӣ ва маҳфилҳои шавқангезро фароҳам овардан зарур аст.

Сарбории аз ҳад зиёд

Талаботи зиёдатӣ, сарбории аз ҳад зиёди таҳсил, набудани дастгирии волидон ё омӯзгорон низ метавонад боиси гум шудани шавқу ҳавас ба таҳсил гардад. Хонандагон метавонанд фишор ва асабоният эҳсос кунанд, ки боиси аз даст додани ҳавасмандии онҳо гардад.

Баъзан ғаразҳои аз ҳад зиёди волидайн метавонад ҳавасмандии таълимии кӯдакро суст кунад. Ин метавонад дар танқиди аз ҳад зиёд барои баҳои паст ё ҳамроҳ шудан ба корҳои беруназсинфӣ бе инобати хоҳиши худи кӯдак зоҳир шавад.

Дар натиҷа кӯдак метавонад робитаи равониро бо волидон гум ва ба қобилияти онҳо шубҳа кунад.

Омӯзиши тарҷимаи ҳоли одамони бузург

Тарҷумаи ҳоли одамони машҳур ва бо чӣ гуна машаққат муваффақ шудани онҳоро ба кӯдакон қисса кунед. Омӯзиши роҳи зиндагии олимону соҳибкорон нишон медиҳад, ки барои ба муваффақият ноил шудан инсон дар аввал ноком ҳам мешавад.

Мукофот барои муваффақияти хурд

Ҳатто андаке пешравии кӯдакро ба инобат гирифтан зарур аст, то дар ӯ шавқу ҳаваси омӯзиш пайдо гардад. Ин на танҳо ба кӯдакони хурдсол, балки ба наврасон низ дахл дорад. Зеро онҳо низ ба дастгирӣ ва руҳбаландӣ ниёз доранд.

Қабул кардани хатоиҳо

Кӯдакон бояд фаҳманд, ки хато кардан як қисми омӯзиш ва рушд аст ва барои муваффақ шудан ба онҳо зарур нест, ки баҳои беҳтаринро ба даст оранд. Хатоиҳо қисми муҳими раванди таълим мебошанд.

Ба назар гирифтани шавқу рағбат

 Муҳим аст, ки манфиатҳои кӯдакро эҳтиром ва ба ӯ дар рушди онҳо кумак кунед. Ба кӯдакон имконият додан муҳим аст, ки роҳи минбаъдаашонро интихоб кунанд. Барои ин онҳоро дастгирӣ кунед, ҳатто агар он ба қолабҳои ба шумо писанд мувофиқат накунад.

Муҳити дуруст

Волидон метавонанд ба фарзандон тавсия диҳанд, ки дӯстони хуб интихоб кунанд. Беҳтарин дӯстонро онҳо метавонанд дар даврҳои таълимӣ ё маҳфилҳо пайдо намоянд. Зеро дар ин муҳит онҳо бо одамони босавод ва донишманд муошират мекунанд.

Бояд эътироф кард, ки ҳар кӯдак беназир аст. Набояд фаромӯш кард, ки муқоиса танҳо боиси ранҷу азоб мегардад ва ба ҳавасмандкунӣ мусоидат намекунад. Барои баҳоҳо туҳфа ё ягон чизеро, ки ба ӯ писанд аст, ваъда диҳед.

Кӯшиш кунед, ки ба фарзандатон фаҳмонед, ки омӯзиш барои ҳаёти минбаъдаи ӯ то чӣ андоза муҳим аст. Хуб мебуд, ки ба ҳалли ин масъала муаллимон ҷалб карда шаванд, то онҳо кӯшиш кунанд, ки дили шогирдро бо донишҳои нав ба даст оранд. Муаллимони ғамхор хеле бисёр ҳастанд. Агар шумо кумак пурсед, онҳо ҳеҷ гоҳ рад намекунанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Сентябрь 21, 2024 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон