Мавсума Муинӣ бо ҳайати намояндагони Дафтари минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд

Сентябрь 20, 2024 09:52

ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо  ҳайати намояндагони Дафтари минтақавии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, ки таҳти сарварии  Патрисия Шултс ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд. Зимни он ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба зӯроварии гендерӣ, мушкилӣ ва чораҳои вобаста ба пешгирии зуроварӣ дар оиларо мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид шуд, ки дафтари минтақавии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ аз замони таъсис дар соли 2008 худро ҳамчун манбаи боэътимоди таҷрибаи ҳуқуқи башар муаррифӣ намуда, бо бисёр фаъолони минтақа, бахусус ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон робитаи зич барқарор кардааст.

Он дар тавсеаи фазои демократӣ дар Тоҷикистон, таҳкими иқтидори муассисаҳои миллии ҳуқуқи башар мутобиқи Принсипҳои Париж,  таҳкими иқтидори механизми миллӣ оид ба таҳияи гузоришҳо ва татбиқи фаъолияти минбаъда, ҳавасманд гардонии истифодаи механизмҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва ҳамкорӣ бо онҳо дар сатҳи миллӣ, таҳкими тавонмандии фаъолони миллӣ дар риояи принсипҳои табъиз ва баробарӣ,  инчунин таҳкими масъулият ва волоияти қонун нақши муҳим дорад.

Тоҷикистон соли 1993 Конвенсия дар бораи аз байн бурдани ҳама шаклҳои табъиз алайҳи занонро ба тасвиб расонид. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама шаклҳои табъиз, аз ҷумла нисбат ба занонро комилан манъ мекунад. Моҳи августи соли 2023 Стратегияи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон барои давраи то соли 2038 қабул карда шуд, ки дар он чораҳо оид ба татбиқи сиёсати пешбурди баробарии гендерӣ, рафъи табъизи гендерӣ дар ҷомеа ва оила, инчунин тавонмандсозии ҳуқуқҳои занон пешбинӣ шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 25 соли охир ҳиссаи занон дар Парлумони Тоҷикистон аз 3 дарсад ба 27 дарсад афзоиш ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занонро барои солҳои 2021 — 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро қабул намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2024 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 16-уми пленарии Ассамблеяи парламентии Осиё дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
Дар ҳошияи Ассамблеяи парламентии Осиё таҳкими ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд