Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канории иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ маъруза намуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ /АБНА/, ки 16 сентябр дар Вена оғоз гардида буд, имрӯз анҷом меёбад. Дар доираи ин ҳамоиш чорабиниҳои зиёди канорӣ низ баргузор гардиданд, ки «Нақши ҷомеаи байналмилалӣ дар коҳиши хатари марбут ба иншооти меросӣ дар Осиёи Марказӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, директори ин агентӣ Илҳом Мирсаидзода дар ин чорабинӣ маъруза намуд. Ӯ дар мавриди аҳамияти корҳои солимгардонӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия анҷом дода шудаанд, изҳор дошт, ки «ин кӯшишҳо саҳми муҳим дар таъмини амнияти экологӣ ва радиатсионӣ дар иншооти меросӣ, ки барои саломатии аҳолӣ ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ хатари эҳтимолӣ доранд, мебошанд».
Илҳом Мирсаидзода дар бораи ҳамкории идомадор бо шарикони байналмилалӣ дар соҳаи коҳиши хатарҳои радиатсионӣ ва солимгардонии минтақаҳое, ки аз барномаҳои ҳастаии қаблӣ таъсир дидаанд, маълумот дод.
Дар чорабинии канории иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ /АБНА/ коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои мухталиф тадбирҳои кунунӣ ва ояндаро барои коҳиши хатарҳои марбут ба иншооти меросӣ, инчунин роҳҳои беҳтар намудани ҳамоҳангии кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалиро барои ҳалли ин мушкилот мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






