НАЗАРИ КОРШИНОС. Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд
ДУШАНБЕ, 08.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Маҳз дар заминаи сиёсати «дарҳои боз» эҷоди воситаҳои самарабахши истифодаи самараноки манфиатҳои миллӣ, кӯшишҳои байналмилалӣ ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҳамаи давлатҳо ба раванди ташаббускорӣ имконпазир гардид. Хизматҳои шоистаи Пешвои миллат аст, ки Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванд дод. Сиёсати «дарҳои боз» ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд нуфуз ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам зина ба зина боло мебарад. Чунин изҳори назар намудааст коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Саидов дар мақолааш дар робита ба сиёсати «дарҳои боз», ки меҳвари асосии таҳкими робитаҳои байналмилали Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
— Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беш аз 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар мамлакатҳо дар ҳалли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон саҳм мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати «дарҳои боз» ҳамкории мутақобилан судмандро бо якчанд созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ низ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, бо Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ), Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР), Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Авруосиёии Рушд, Бонки навтаъсиси осиёии сармоягузор ва дигар иттиҳодияву созмонҳо ва бонкҳои ҷаҳонӣ ҳамкории судманд дорад.
Аввалин маротиба эълон доштани сиёсати «дарҳои боз» аз тарафи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон охири соли 2002 пас аз қабул шудани «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вуқуъ пайваста буд, вале принсипҳои коргирӣ аз чунин сиёсат аз ҷониби Пешвои миллат қаблан пешниҳод шуда буданд.
Роҳбари давлат дар изҳорот роҷеъ ба узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид 29 сентябри соли 1993 бори нахуст дар таърих аз минбари ҷаласаи 48-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Милали Муттаҳид дари худро барои ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ кушодааст».
Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷикро водор месозад, ки минбаъд ин сиёсати оқилона ва дастоварди беназирро тақвият бахшида, кӯшишҳои ба ҳадафҳои минбаъда расидан, ҳамқадами замон будан ва робитаи наздик доштан ба кишварҳоро таҳким бахшад.
Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик ба дастовардҳои назаррас ва арзишманд дастёб гардид, ки ин даҳсолаҳо асосан бо чунин дастовардҳои таърихӣ тавъам мебошанд. Даҳсолаи аввал, асосан дар роҳи ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои ноустувори давлати нав аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо гардида равона гашт. Даҳсолаи дуввум аз самараи даҳсолаи аввали дастоварду бунёдгузориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар ин раванд дари худро барои тамоми давлатҳои дунё боз намуд, ки бо ибтикори созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат ин мафҳумро сиёсати «дарҳои боз» номиданд. Ҷаҳон Тоҷикистон ва роҳбари сиёсии он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кард.
Ин нукта бамаврид аст, ки дар даҳсолаи дуюм қадамҳои устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ бештар ба назар мерасанд. Ин шаффофият бо усули «дарҳои боз» ба он мусоидат намуд, ки Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, равобити сиёсӣ ва ҳамкории судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон дар сатҳи олӣ ба роҳ монад.
Дар даҳсолаи сеюм Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои байналмилалиро барои муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳон бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ барои рушду нумуи мамлакат тақвият дода, ҳамчун давлати ташаббускор чеҳраи сиёсати хориҷии мамлакатро муаррифӣ намуданд, ки он то имрӯз самараи хуб ба бор меорад.
Тоҷикистон имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси худро нишон дода, ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва дунявӣ узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Яке аз муваффақияту дастовард дар ин самт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ ёфтани ташаббусҳои Тоҷикистон дар шахсияти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди хатарҳои нави ҷаҳон, хусусан терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир чун мавқеи хосси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва обрӯйи баланди Президенти Тоҷикистон дар маҳфилҳои сиёсии ҷаҳон мебошад.
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устуворе гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеяшро пурқувваттар намуд ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.
Президенти Тоҷикистон бо ташаббуси панҷуми худ пешниҳод намуданд, ки соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март- Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон карда шуда, инчунин Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Ин пешниҳодҳо бо Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд, ки мояи ифтихори мардуми шарафманди мамлакат аст.
Мо аз ҳамкорӣ бо ҳамаи ташкилоти байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд қаноатманд мебошем ва минбаъд низ бо мақсади таъмин намудани ҳадафҳои рушди устувор ҳамкориро бо онҳо густариш медиҳем. Дар айни замон дар ин самт ҳамкорӣ таҳким мепазирад. Масалан, дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон- Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин Тоҷикистон – Чин – Покистон ба истифода дода хоҳанд шуд, ки дар таҳким ва густариши муносибатҳои бисёрҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои хориҷӣ аз мавқеъ ва моҳияти хос башорат медиҳанд.
Бо шарофати ин сиёсат Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам сохта, бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳои худро бо кишварҳои олам таъмин намуд. Сиёсати «дарҳои боз» меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад.
Ҳамин тавр, принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди давлат, аз ҷумла, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шуда, дар ин муддат сиёсати «дарҳои боз» ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз аз ҷониби Роҳбарияти мамлакат муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо кишварҳои гуногуни олам амалӣ гардид.
Сию се соли Истиқлоли давлатӣ ҳувияти миллии тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошта, манфиатҳои миллии моро ба миён оварду мукаммал сохт, эҳсоси худшиносӣ ва тафаккури қавии миллиро тақвият бахшид.
АКС аз бойгонӣ








ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус






