Пагоҳ дар Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали атласу адрас баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 сентябр дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивал ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги матоъҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии навъҳои гуногуни атласу адраси ватанӣ ва муайян намудани истеъдодҳои нав байни тарроҳони ҷавон ва чирадастони моҳир доир мегардад.
Фестивал сабаби густариши фарҳанги миллӣ дар ҳаёти рӯзмарраи мардум хоҳад шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд






