Президенти Тоҷикистон: «Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд»

Сентябрь 9, 2024 10:24

ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тайи даврони соҳибистиқлолӣ тамоми имконияту захираҳо барои таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар сафарбар карда шуданд. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Бо мақсади идома додани ин раванд дар паёми имсолаи Президент ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки дар ҳафт соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ то ба 10 фоиз паст карда шавад. Ин нуктаро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон баён намуданд.

Сарвари давлат аз дастоварҳои дигари даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла чор ҳадафи стратегии миллӣ – таъмин намудани истиқлоли энергетикии кишвар, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани он, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ёдовар шуда, иброз доштанд, ки дар ин давра бо заҳмати содиқонаи мардумамон беш аз 2200 километр роҳ, даҳҳо километр нақб ва садҳо пули ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд карда, ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил гардидем.

«Яъне Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид табдил додем ва кишвари маҳбубамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, онро ба мамлакати транзитӣ мубаддал сохтем. Танҳо аз файзу баракати истиқлол мо имкон пайдо кардем, ки бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро оғоз намуда, сохтмони ин иншооти азимро вусъат бахшем ва агрегатҳои аввалини онро ба кор андозем»-хотиррасон намуданд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат ҳамзамон аз бунёди неругоҳҳои «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2» ва даҳҳо неругоҳи миёнаву хурд ёдрас шуда, таъкид намуданд, ки 75 фоизи шабакаҳои энергетикии мамлакатро таҷдиду бунёд кардем, таҷдиду навсозии пурраи неругоҳи «Сарбанд»-ро ба анҷом расонидем ва низоми ягонаи энергетикии кишварро ба вуҷуд овардем. Имрӯзҳо бунёди неругоҳи «Роғун» ва корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» босуръат идома доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2024 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад