Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар вохӯрӣ Сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкории судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки “идомаи муколамаи мо дар сиғаи Осиёи Марказӣ ва Олмон ба талошҳои муштарак ҷиҳати муайян кардани самтҳои ояндадори ҳамкории бисёрҷониба ва ноил шудан ба натиҷаҳои амалӣ мусоидат мекунад”.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо омодаем ҳамкории зичро бо шарикони худ барои ноил шудан ба ҳадафи роҳандозии шарикии стратегӣ байни Осиёи Марказӣ ва Олмон идома диҳем.
Таъкид гардид, ки пешбурди пайвастаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳо бояд яке аз афзалиятҳои асосӣ гардад.
Аснои суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон, барои истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо, хушксолӣ, обхезӣ ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карда, дар ин самт густариши ҳамкориро бо шарикон, аз ҷумла бо Олмон муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамкории босамар ба хотири таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон низ басо муҳим номида шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Сарони давлатҳоро ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва тайёр кардани кадрҳо барои соҳаҳои мухталифи иқтисод низ ҷалб намуданд.
Дар анҷоми суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуданд, ки натиҷаҳои нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барои боз ҳам мустаҳкам шудани муносибатҳои ҳамкорӣ ба нафъи мардумони кишварҳо мусоидат мекунад.
Дар анҷоми нишаст Эъломияи муштараки Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон қабул гардид.









Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд






