Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ, доктор Тавфиқ ибни Фавзон ар-Рабиъа вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар раванди ташаккул ва густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин давлат нақши калидӣ ва таъсиргузор доранд.
Робитаҳои қавии ҷонибҳо аз пайвандҳои маънавию таърихии ду мардуми бародар аз муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд- шоҳи Арабистони Саудӣ маншаъ мегиранд.
Иброз гардид, ки имрӯз имконият фароҳам гардидааст, то сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ таъмин шавад. Тамоми воситаҳоро барои таҳкими ҳамкорӣ бо назардошти манфиатҳои миллии ду давлати бародар бояд истифода намуд.
Дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ босамар фаъолият дорад.
Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ яке аз абзори муҳими муносибатҳои ду давлат маҳсуб мешавад.
Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷчуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






