Саҳми вилояти Суғд дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,3 дарсадро ташкил медиҳад

Сентябрь 1, 2024 13:57

ДУШАНБЕ, 01.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди вилояти Суғд дар шашмоҳаи якуми соли равон   ба 16 миллиарду 217,5 миллион сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,2 дарсад баробар гардида, саҳми он дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат 26,3 дарсадро ташкил додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Ба иттилои манбаъ, афзоиши ин нишондиҳанда дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10,1 дарсад, кишоварзӣ 13,1 дарсад, гардиши савдои чакана 9,6 дарсад ва хизматрасонии пулакӣ 3,5 дарсад таъмин гардид.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида ва дар заминаи рушди иқтисодиёти вилоят иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) дар нимсолаи якуми соли 2024  ба андозаи 103,6 дарсад таъмин ва ба буҷети давлатӣ 2 миллиарду 707,7 миллион сомонӣ ворид карда шуд.

Тавре манбаъ хабар дод, маблағгузории қисми хароҷоти буҷети вилоят дар нимсолаи якуми имсол тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва дар асоси қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, мувофиқи ҳисоби пешакӣ ба иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят дар маҷмуъ 1 миллиарду 562,4 миллион сомонӣ равона гардид.

Ҳамзамон дар ин муддат дар вилояти Суғд маблағгузории хароҷоти аввалиндараҷаю зарурии муассисаҳои буҷетӣ сари вақт таъмин ва музди меҳнат ва маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла маблағи рухсатии омўзгорон пурра пардохт шуд. Аз ҳисоби ин пардохтҳо дар вилоят қарздорӣ ё қафомонӣ вуҷуд надорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 1, 2024 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд