Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»

Сентябрь 6, 2024 09:14

ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беш аз 30 сол аст, ки ҳамкорӣ ва робитаи амиқи дуҷониба идома дорад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико яке аз аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф карда, дар Душанбе сафоратхона таъсис дод. Минбаъд робитаҳои дӯстона байни ин давлатҳо дар тамоми соҳаҳо рушд намуданд.

Дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер суҳбат намуд, ки пешниҳоди хонандагони сомона мегардонем.

— Аввалан мегуфтед, ки Шумо ба зиндагӣ дар муҳити Тоҷикистон чӣ гуна одат кардед? Кадом ҷанбаҳои фарҳанг ва ҳаёти маҳаллии тоҷикон ба шумо бештар писанд омад?

— Бори сеюм аст, ки ман дар Тоҷикистон хизмат мекунам ва ман онро хонаи дуюми худ ҳисоб мекунам. Барои ман шарафи бузург буд, ки бори нахуст соли 2004 ба мамлакати зебои шумо омадам ва аз соли 2010 то соли 2013 дар ин ҷо фаъолият кардам. Ман ба саросари мамлакат- аз Суғд то Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кардам ва аз табиату манзараҳои Тоҷикистон, меҳмоннавозии гарми мардуми он ва рангорангии фарҳанги мамлакати шумо ба ваҷд омадам.

Ман ҳамчунин омӯзиши забони тоҷикиро идома медиҳам ва осори шоирони бузурги Тоҷикистон: аз Рӯдакӣ то Айниро мутолиа мекунам.

— Шумо муносибатҳои кунунӣ байни Тоҷикистон ва ИМА-ро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Кадом дастовардҳои асосии ин солро метавонед номбар намоед?

-Робитаи дуҷонибаи мо беш аз 30 сол идома дорад ва ин робитаи амиқ ва густурда аст. Яке аз сабабҳои бозгашти ман идома додани шарикиҳои деринаи мо буд, ки зиндагии мардуми Тоҷикистонро ба таври назаррас беҳтар кардааст. Мо бо шарикони тоҷик дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, тандурустии ҷамъиятӣ, сармоягузорӣ дар бахши иқтисодӣ, амнияти сарҳад, вокуниш ба офатҳо ва дигар соҳаҳо ҳамкорӣ кардем.

Давоми 20 соли сафар ва кор дар Тоҷикистон ман тағйироти назаррасро мушоҳида кардам. Ин ҷониб такмили инфрасохтор, аз ҷумла беҳтар шудани инфрасохтори нақлиётӣ дар шоҳроҳҳои асосии шумо, махсусан шоҳроҳ ба сӯи Хуҷандро мушоҳида кардам. Ман аз пешрафти чашмрас дар лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сарбанди «Роғун» мутаассир шудам ва мехоҳам ба Раиси шаҳри Душанбе барои пешрафтҳои назаррас дар ин пойтахти зебои Тоҷикистон изҳори сипос кунам. Зеро аз замони сафари аввалини ман ба ин ҷо шаҳр ба таври куллӣ тағйир ёфтааст.

Дар робита ба пешравӣ дар робитаҳои мо ман аз он ифтихор дорам, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар байни дӯстон ва шарикони шумо аввалин давлате буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард ва дар ин ҷо дар Душанбе сафоратхона таъсис дод. Давоми робитаҳои дипломатии зиёда аз 32-солаи мо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бахшҳои гуногуни Тоҷикистон- аз соҳаи тандурустӣ то маориф, кишоварзӣ ва рушди иқтисод, амният ва мубориза бо таҳдидҳои муштараки берунӣ саҳм гузоштааст. Дар натиҷаи дастгирии бисёрҷониба ва дуҷониба, инчунин сармоягузориҳо ИМА ба ягона кишвари бузургтарини донор дар Тоҷикистон табдил гардидааст.

— Дар раванди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико Шумо кадом афзалияти асосиро мебинед?

— Дастгирии соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, тамомияти арзии Тоҷикистон ва беҳбуди шароиту имконият барои мардуми тоҷик аз афзалияти муштараки мо аст. Мо медонем, ки вақте ки мо барои рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, маориф ва тандурустӣ якҷоя кор мекунем, қавитар ва амнтар мешавем.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Ҳукумати Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафи худ, яъне амният ва субот тавассути бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рафъи омилҳои аслии терроризму экстремизм ҳамкории зич дорад. Махсусан, доштани мувозинат дар байни эҳтиёҷоти қонунии амният ва эҷоди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва кафолат додани он, ки мо уҳдадориҳои дохилию байналмилалиро иҷро мекунем, муҳим аст. Ин муколамаи давомдоре аст, ки мо бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун дӯст ва шарик пеш мебарем.

— Кадом лоиҳаҳо ва барномаҳои ИМА дар Тоҷикистон барои дастгирии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ амалӣ мешаванд?

— Мехоҳам, пеш аз ҳама, дар бораи кори мо дар соҳаи тандурустӣ суҳбат кунем. Мо бо Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо бемории сил, COVID-19 ва ВНМО/БПНМ ва беҳтар намудани шароит барои саломатии модару кӯдак ҳамкории зич доштем. Бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 60% ноҳияҳо реҷаҳои нави табобати бемории сили ба дору тобоварро ҷорӣ намуда, вақти табобатро аз 24 моҳ то ҳамагӣ 9 моҳ коҳиш дод. Дар давраи пандемияи COVID-19 ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон 1,5 миллион ваксинаи Модерна (Moderna) ва тақрибан се миллион ваксинаи Пфайзерро (Pfizer) ҳамчун ёрии башардӯстона таъмин намуд. ЮСАИД ба 70 000 зани ҳомила ва тақрибан 260 000 кӯдаки то панҷсола тавассути барномаҳои “Солимӣ ва ғизодиҳии модару кӯдак” ёрӣ мерасонад.

Марказҳои ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) барои таҳкими зерсохтори тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон беш аз 18 миллион доллар саҳм гузоштаанд. Тавассути ин дастгирӣ Тоҷикистон бо эпидемияи ВНМО барои ноил шудан ба ҳадафҳои глобалии «95-95-95» самаранок мубориза мебарад, ки дар он 95% шахсони гирифтори ВНМО ҳолати худро медонанд, 95% онҳое, ки ҳолати худро медонанд, табобати антиретровиралии наҷотбахш мегиранд; ва 95% онҳое, ки табобати антиретровиралӣ (ART) доранд, ба саркӯби (супрессияи) вирус ноил мешаванд.

Марказҳои ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) барои ташаккул додани Маркази амалиёти ҳолатҳои фавқулодаи тандурустии ҷамъиятӣ дастгирии техникӣ ва молиявӣ расонида, кормандони соҳаи Вазорати тандурустиро вобаста ба вокуниш ба ҳолатҳои хуруҷи бемориҳои гуногун омӯзонидааст.

— Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таҳкими омӯзиши забони англисӣ дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо ва кумакҳоро амалӣ менамояд?

— Забони англисӣ ба забони тиҷорат, интернет, мусофират ва ҷаҳонгардӣ (туризм) ва расонаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бо донистани забони англисӣ донишҷӯён ва хонандагони боҳуш, инчунин рӯзноманигорон ва муҳаррирон метавонанд ба манбаъҳо ва додаҳои иттилоотии объективӣ (воқеӣ) ва алтернативӣ дастрасӣ пайдо кунанд, ки дар ҳолатҳои дигар дастрас нестанд. Аз ин рӯ, барои мардуми Тоҷикистон дастрасӣ доштан ба омӯзиши забони англисӣ муҳим аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун шарик омода аст, ки захираҳо ва барномаҳоро бо забони англисӣ барои донишҷӯён, ҷавонон ва мутахассисони ҳамаи синн фароҳам созад. Ман медонам, ки шумо дар барномаи забони англисӣ барои рӯзноманигорон иштирок кардаед. Ин танҳо яке аз он барномаҳои сершумори мубодилавии мо аст, ки робитаҳои ИМА ва Тоҷикистонро мустаҳкам менамоянд.

Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин барои идомаи таҳсили мутахассисони тоҷик, пешниҳоди барномаҳои забони англисӣ барои рӯзноманигорон ва кормандони давлатӣ ва пуштибонӣ аз даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси неруи кории чандзабона сармоягузорӣ мекунад. Тавассути барномаи минтақавии мо C5+ONE (Opening Networks by English) мутахассисони ҷавоне, ки дар саросари Осиёи Марказӣ доир ба масъалаҳои муҳим кор мекунанд, забони англисӣ меомӯзанд. Мо якҷоя неруи кории соҳибихтисосе эҷод мекунем, ки рақобатпазирии Тоҷикистон ва минтақаро дар бозорҳои ҷаҳонӣ афзоиш медиҳад, иқтидори иқтисодиро пеш мебарад ва тиҷорати дуҷонибаро дастгирӣ мекунад.

Имсол Сафорати ИМА Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро бо 242 000 китоби дарсии забони англисӣ таъмин намуд, ки ин барои ҳар хонандаи синфҳои 10 ва 11 басанда аст. Ин китобҳои дарсӣ дар соли таҳсили имсола аз ҷониби донишҷӯён ва омӯзгорони мактабҳои давлатии Тоҷикистон истифода мешаванд. Онҳо таҷрибаҳои муосири таълимеро, ки ба донишҷӯён нигаронида шудаанд ва роҳнамои омӯзгоронро дар бар мегиранд, то омӯзиши забони англисӣ барои донишҷӯён ҷолиб ва муассир бошад. Имсол ЮСАИД барои беҳтар кардани малакаҳои хониш, забони тоҷикӣ, риёзӣ ва маҳоратҳои иҷтимоӣ/таъсирбахши донишҷӯён чор миллион китоб ва кортҳои омӯзишӣ тақдим кард. Ҳамагӣ 3115 мактаб (қариб 80 дарсади тамоми мактабҳои Тоҷикистонро дар бар мегирад) маводи зарурӣ дарёфт карданд, ки дар онҳо қариб 900 ҳазор хонанда дар синфҳои 1—4 таҳсил мекунанд.

Сафорати ИМА инчунин ду Маркази захиравии забони англисиро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Бохтар дастгирӣ ва бо омӯзгорони кунунию омӯзгорони оянда барои беҳтар кардани тадриси забони англисӣ кор мекунад. Ҳашт “Маркази амрикоӣ”-и мо (дар Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб, Бохтар ва Рашт) дарсҳо ва маҳфилҳо баргузор мекунанд. Инчунин онҳо ба ҷавонон тафаккури интиқодӣ ва малакаи баланд, аз ҷумла рамзгузории компютерӣ ва робототехникаро омӯзиш медиҳанд.

— Оё афзоиши шумораи стипендияҳо ва барномаҳои табодулӣ барои донишҷӯёни тоҷик дар ИМА дар назар аст?

— Яке аз ҳадафҳои ман ба ҳайси сафир- ин густариш додани имконият барои мубодила ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Иёлоти Муттаҳида аст. Ин ташаббус аз ҷалби бештари амрикоиҳо ба ин ҷо барои тадриси забони англисӣ иборат аст. Барномаҳои мубодилавӣ байни намояндагони доираҳои илмиву донишгоҳӣ ва мутахассисон дарҳоро барои рушди касбӣ ва шахсӣ боз мекунанд. Мубодилаи таҳсил ва маҳорати донистани забони англисӣ дар байни мо пулҳо бунёд намуда, тавонмандии ҷавонон ва мутахассисони тоҷикро дар соҳаҳои мухталиф афзоиш медиҳад.

Шояд хонандагони шумо аз барномаҳои табодулие, ки мо ҳамасола барои донишҷӯён ва мутахассисон пешниҳод мекунем, огоҳ набошанд. Барои донишҷӯён мо чанд барнома, ба монанди Барномаи мубодилаи пешсафони оянда (FLEX), Барномаи TechGirls, UGRAD ва Омӯзиши донишкадаҳои ИМА (SUSI) дорем. Мо инчунин якчанд барномаҳои табодули мутахассисон дорем, ба монанди стипендияи Ҳамфрӣ (Humphrey) ва барномаҳои Фулбрайт (Fulbright). Рӯйхати пурраи ин барномаҳо, ки одатан муҳлатҳои солона доранд, дар вебсайти сафорат мавҷуд аст: https://tj.usembassy.gov/education-culture/exchange-programs/.

— Шумо нисбат ба ҳамкории оянда дар соҳаи амният чӣ назар доред?

— Ҳукумати ИМА аз соли 1992 инҷониб ба Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф кумак кардааст. Мо расонидани кумакҳоро барои ҳимояи марзҳои Тоҷикистон, муқовимат бо таҳдидҳои террористии берунӣ, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фароҳам овардани имконияти васеътар барои мардуми тоҷик идома медиҳем. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико уҳдадор шудааст, ки бо ҳукумат ва шаҳрвандони Тоҷикистон барои рушди давлати тавоно, соҳибихтиёр ва мустақил ҳамкорӣ намояд, то тавонад марзҳои худро ҳифз кунад ва суботро дар баробари тавозуни мулоҳизаҳои мазҳабӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ нигоҳ дорад. Давоми 20 соли охир мо байни Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Вирҷиния ҳамкории қавӣ ва давомдор бунёд кардем. Ин ҳамкорӣ барои таъмини табодули коршиносон дар мавзуъҳои тиббӣ, иртиботот (коммуникатсия), тактикӣ ва муҳандисӣ бо дархости Ҳукумати Тоҷикистон идома меёбад.

— Хусусияти дастгирии соҳибкорӣ ва рушди он аз ҷониби ИМА ва барномаҳои он дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

— Иёлоти Муттаҳида ҳамчун ҷонибдори амиқтар кардани сармоягузории бахши хусусӣ дар иқтисоди Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба имконияти соҳибкорони амрикоӣ дар ин ҷо ва ҳамкории зич бо шарикони тоҷики мо барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва татбиқ кардани иқтидори бузурги Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Моҳи июни соли 2023 мо бузургтарин ҳайати тиҷоратии ИМА-ро дар таърих дар доираи Шурои тиҷорати ИМА ва Тоҷикистон дар Тоҷикистон истиқбол кардем. Зимни шиносоӣ беш аз сӣ нафар намояндагон аз идораҳои хизматрасониҳои тиббӣ, молиявӣ, истихроҷи маъдан, франчайзинг ва ширкатҳои рақамии ИМА бо соҳибкорон ва мақомоти давлатии Тоҷикистон барои муайян кардани имконият, эҷоди шарикӣ, афзоиши тиҷорат ва сармоягузорӣ байни ИМА ва Тоҷикистон мулоқот карданд.


ИМА ба иштироки занон дар иқтисодиёт афзалияти баланд медиҳад, ки ман мехоҳам дар ин хусус суҳбат кунам. Занон ҳамчун нисфи аҳолӣ бахши калидӣ барои пешрафти ҷомеа мебошанд. Аз тариқи Агентии USAID Иёлоти Муттаҳида соли 2023 беш аз 4500 зани фермер ва соҳибкори тоҷикро омӯзонид. Заноне, ки ба тиҷорати хонагӣ таваҷҷуҳ доштанд, аз барномаҳои омӯзишии пешниҳодшуда дар “Марказҳои амрикоӣ” баҳра бурданд. Мо ҷустуҷӯи роҳҳои дигари дастгирии занонро ҳамчун соҳибкор ва соҳиби тиҷорат идома медиҳем.

Сафорати ИМА ҳамкориро бо доираи васеи шарикони бахши давлатӣ ва хусусӣ барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон идома медиҳад.

— Барои ҷалби сармояи амрикоӣ дар Тоҷикистон кадом нақшаҳо амалӣ мешаванд ва барои сармоягузорони амрикоӣ кадом бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон бештар ҷолиб мебошанд?

— Тиҷорати сармоягузорон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амриико дар фазои кушод ва шаффоф рушд кардааст, ки чунин фазо ба қабули қарорҳои мустақил имконият медиҳад. Тавассути кумаки техникии худ ба Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молия мо ба бахши молиявии Тоҷикистон барои мутобиқ шудан ба стандартҳо ва беҳтарин таҷрибаҳои байналмилалии тиҷорат кумак мерасонем. Сармоягузорони амрикоӣ ва ширкатҳои амрикоӣ дар бозорҳои рушд имкониятҳоро ҷустуҷӯ карда, пас аз такмили бахши молиявӣ мехоҳанд дар бозори Тоҷикистон иқтидори бузургро бубинанд.

Мо барои ҷалб шудани Тоҷикистон ба масири тиҷоратие, ки Осиёи Марказиро бо Қафқоз ва бозорҳои Аврупо мепайвандад, фаъолияти ташвиқотиро идома медиҳем. Мо умедворем, ки платформаи дипломатии C5+1, ки Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари шарики моро дар Осиёи Марказӣ муттаҳид мекунад, соҳибкорони тоҷикро ба ҳамкории зичтар бо ин шарикон ва дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ҷалб мекунад.

Тоҷикистон барои рушд заминаи хеле қавӣ дорад. Шумо табиати зебо доред, ки метавонад боиси рушди бештари сайёҳӣ шавад. Шумо захираҳои бузурги табиӣ доред, ки метавонанд иқтисоди ояндаи ҷаҳонро дастгирӣ кунанд. Ҳамчунин шумо захираҳои олии инсонӣ ва миқдори зиёди аҳолии ҷавоо доред. Инҳо унсурҳои асосии муваффақияти иқтисодӣ мебошанд. Аммо мо бояд минбаъд ҳам беҳтар кор кунем, то барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ тавассути такмили қоидаҳо, муқаррарот ва қонунгузорӣ дар умум қадамҳои зарурӣ гузорем.

— Кадом намунаи ҳамкории муваффақ байни ширкатҳои тоҷикистонӣ ва амрикоиро метавонед мисол оваред?

— Ман пайваста аз сифати маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон руҳбаланд мешавам. Мева ва сабзавоти шумо сифати баландтарине дорад, ки ман то ҳол надидаам. Ман шодам ва ифтихор дорам, ки USAID аз Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла аз иёлати ман- Калифорния таҷрибаҳои пешқадами соҳаи кишоварзӣ ва ноу-ҳауи Амрикоро барои эҷоди ҷойи кор дар соҳаи кишоварзӣ ва рақобатпазиртар кардани деҳқонони тоҷик маҳсулоти устувортар ва фоидаовар овард. Ман фикр мекунам, ки бо коркарди иловагии арзиши изофӣ имкони содироти берун аз Тоҷикистон вуҷуд дорад.

RC Cola яке аз аввалин ширкатҳои амрикоӣ буд, ки имконоти Тоҷикистонро ба назар гирифта, дар ин ҷо сармоягузорӣ намуд. Coca-Cola ҳузури худро васеъ мекунад. Меҳмонхонаҳои Hyatt ва Hilton ба рушди сайёҳии байналмилалии Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Ширкати амрикоии «Комсап» (Comsup) дар ин ҷо Тоҷикистонро ба дуюмин давлати калони истеҳсолкунандаи сурма дар ҷаҳон табдил дод. Ин як намунаи олии шарикии ИМА бо Тоҷикистон аст, ки мамлакатро дар маркази таваҷҷуҳи бозори ҷаҳонӣ қарор медиҳад. Умедворам, мо мебинем, ки онҳо фаъолиятро васеъ мекунанд ва барои дигар ширкатҳое, ки ҳоло соҳаи истихроҷи маъданҳои Тоҷикистонро меомӯзанд, метавонанд намуна шаванд.

Системаҳои пардохт ва қарзи ғайринақдӣ дар Тоҷикистон оҳиста-оҳиста аҳамияти бештар пайдо мекунанд – ин чизе аст, ки аз муваффақияти умумиҷаҳонии кортҳои кредитии ИМА ва барномаҳои замимавӣ, ба мисли Visa, MasterCard, American Express ва GooglePay дарак медиҳанд. Чизҳое, ки ҳоло дар ин ҷо дастрас ҳастанд – метавон гуфт, даҳ сол пеш тақрибан касе дар бораи он нашунида буд.

Барои эҷоди ин замина иқтидор ва имконияти васеъ вуҷуд дорад ва ширкатҳои амрикоӣ омодаи ҳамкорӣ ҳастанд. Бисёр ширкатҳо аз фурсат истифода бурда, дар Тоҷикистон пешсаф шудаанд, зеро мо робитаҳои иқтисодиро қавитар, амиқтар ва васеътар месозем.

— Тавре маълум аст, маъмурияти президенти ИМА ба Конгресс дархост фиристодааст, ки барои ташаббуси дастгирии муҳоҷирон маблағ ҷудо намояд. Ин чӣ гуна ташаббус аст ва то кадом андоза воқеӣ мебошад?

— Яке аз ҳадафҳои ман ба сифати сафир густариши робитаҳо байни давлатҳоямон тавассути дастгирии муҳоҷирати қонунӣ, бехатар ва сафари бомасъулият ба ҳарду самт мебошад. Умедворам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин имконият, аз ҷумла боздидҳои мубодилавӣ, сайёҳӣ ва дигар имконияти дарёфти раводид, ба монанди Барномаи Diveristy Visa (Грин корт) истифода хоҳанд кард. Сафорати ИМА баъзан мушоҳида менамояд, ки бархе ширкатҳои қаллобӣ тарҳҳои раводиди ИМА-ро таблиғ мекунанд, ки вуҷуд надоранд. Мо амалҳои қочоқбаронро қатъиян маҳкум карда, ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор медиҳем, ки ба доми дурӯғи қочоқбарони ҷинояткор наафтанд.

Мо умедворем, ки хонандагон фирефтаи ин тарҳҳо нахоҳанд шуд ва сафорат кӯшиш мекунад, ки ҳангоми пайдо шудани онҳо қаллобӣ буданашонро нишон диҳад. Мо аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мекунем, ки қонунҳои ИМА-ро риоя кунанд ва барои сафар ба Иёлоти Муттаҳида аз роҳҳои бехатар ва қонунӣ истифода баранд. Ёдовар мешавем, ки ҳама вебсайтҳои ҳукумати ИМА нишонии «dot gov » (.gov ) доранд, аз ин рӯ, ин барои хонандагон роҳнамо аст, ки оё пешниҳод қонунӣ аст ё не.

— Шумо то охири муҳлати сафирӣ дар Тоҷикистон дар наздатон иҷрои кадом ҳадафҳоро мегузоред?

— Ман мехоҳам бо Ҳукумати Тоҷикистон ва бахши хусусӣ ҳамкорӣ кунам, то ширкатҳои бештар аз ИМА ҷалб шаванд. Бояд ба онҳое мусоидат намоем, ки аллакай дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, то шукуфо шаванд ва рушд кунанд. Ман қаблан ҳадафҳои худро вобаста ба баланд бардоштани имконият барои омӯзиши забони англисӣ, мубодилаи таҳсилӣ ва касбӣ иброз доштам, ки ҳардуи он байни халқҳои мо ҳамдигарфаҳмии дарозмуддат эҷод мекунанд. Чун Тоҷикистон мехоҳад соҳибихтиёрии иқтисодиро нигоҳ дорад, ман имкониятҳои дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси он намудҳои тиҷоратеро ҷустуҷӯ мекунам, ки технологияҳои навро фаро гиранд. Ман дастгирии платформаҳоеро идома медиҳам, ки метавонанд ҳамкорӣ ва тиҷорати минтақавиро афзоиш ва робитаҳои байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистонро густариш диҳанд. Ниҳоят бояд гӯям, ки ман ҳамеша аз одамоне, ки ҳангоми сафар бо онҳо суҳбат мекунам, меомӯзам ва интизори бештари дидани ин мамлакати зебо, вохӯрӣ бо соҳибкорон, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, лоиҳаҳои кишоварзӣ ва энергетикӣ, мактабҳо, Марказҳои амрикоӣ ва шунидани ҳикояҳои бештар аз мардуми Тоҷикистон ҳастам.

— Чун мусоҳибаи мо дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, Шумо рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонро дар солҳои соҳибистиқлолӣ, хусасан дар панҷ соли охир чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Остонаи ҷашни Рӯзи истиқлолият бояд барои миллат лаҳзаи андешаву таҷлил бошад ва он барои арзёбии пешрафт ва роҳи оянда имкони арзишманд фароҳам меорад.

Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии худ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод. Таваҷҷуҳи ҳукумат ба таҳкими инфрасохтор, пешрафти маориф ва беҳбуди хизматрасонии тиббӣ нишонаи уҳдадорӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии тамоми мардум- сокинони Тоҷикистон мебошад. Гуногунсозии иқтисоди мамлакат стратегияи ҳалкунанда барои коҳиш додани вобастагӣ аз як бахш ва ба ин васила таъмини субот буд.

Кӯшишҳо барои беҳтар намудани дастрасӣ ба маориф ва хизматрасонии тиббӣ низ шоёни ситоиш аст. Тавсеаи имконияти таҳсил, махсусан барои занон ва духтарон барои ташаккули неруи кории соҳибтахассус муҳим аст, ки ин метавонад ба рушди давлат саҳм гузорад. Иёлоти Муттаҳида дастгирии ин кӯшишҳоро тавассути барномаҳои рушд ва омӯзишии ЮСАИД ва барномаҳои таълимӣ барои ҷавонон тавассути Марказҳои амрикоӣ, ба мисли барномаи iCode барои духтарон идома медиҳад. Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин Тоҷикистонро дар роҳи рушди он дастгирӣ мекунад. Ҳамкории мо сабаби беҳбудии назарраси сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон гардид ва мо умедворем, ки давоми панҷ соли оянда ва пас аз он пешрафтҳои давомдорро бинем.

— Ба Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ чӣ таманно доред?

— Ба мардуми Тоҷикистон сулҳ ва шукуфоӣ орзумандам!

Имсол 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ман аз ҳамкории дуҷонибаи мо бо Тоҷикистон, барои дастгирии соҳибихтиёрӣ, иқтисод, маориф ва хизматрасонии тиббии шумо ифтихор мекунам. Мо барои пешбурди имкониятҳо барои ҷавонон ва ҳавасмандкунии эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ҳамкорӣ тавассути идоракунии шаффофро идома медиҳем. Мо бесаброна интизорем, ки роҳҳои густариши шукуфоии иқтисодии минтақаро омӯзем ва ҳамкориро барои пешбурди Тоҷикистони демократӣ, босубот ва амн идома диҳем.

Аз номи мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он шукуфоии давомдор орзу мекунам. Рӯзи Истиқлол хуҷаста бод!

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Сафорати Амрико дар Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2024 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶАШНИ МЕҲРГОН» ВА «САНЪАТИ СОХТУ НАВОХТАНИ РУБОБ». Тоҷикистон ин номинатсияҳои муштаракро ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият пешниҳод намуд
Мавқеи Тоҷикистон оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар доираи қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» баён гардид
Тоҷикистон ва Австрия ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар Ал-Кувайт дурнамои ҳамкории Фонди кувайтӣ бо Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зойид Оли Наҳён эътимоднома супорид
Дар шаҳри Остона ҷаласаҳои муштараки СААД баргузор гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок намуданд
Вохӯрии гурӯҳҳои корӣ оид ба демаркатсияи cарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Малдив Cозишнома оид ба бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Тоҷикистон бо ЮНЕСКО масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ намуд
Дар Тошканд вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Дар Душанбе татбиқи барномаҳои башардӯстона баррасӣ гардид