Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нав дар маҳаллаи Бобо-Юнуси ҷамоати шаҳраки Ховалинг бунёд шуда, аз ду ошёна бо таҳхона, 10 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз шудааст ва дар он барои кормандон шароити хуби корӣ муҳайё мебошад.
Дар ошёнаи якум шуъбаи бақайдгирӣ ва хизматрасонӣ, шуъбаи заминсозӣ ва ҳуҷраи кории кормандон ҷойгир шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо лавозимоти зарурӣ, аз қабили мизу курсӣ, ҷевон барои ҷойгир намудани ҳуҷҷатҳо ва компютерҳо таъмин мебошад.
Дар ошёнаи дуюми иншоот ҳураҳои кории маъмурият ва кормандони соҳа ҷойгир карда шудааст. Корҳои ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани атрофи бино дар сатҳи баланд ба анҷом расонида шуда, роҳи даромадгоҳи муассиса мумфарш ва бо тахтасангҳо, Парчами давлатӣ, сутунпояҳои равшанидиҳӣ, гулу буттаҳои мавсимию ҳамешасабз оро ёфтааст.
Дар таҳхонаи бинои маъмурӣ бойгонии ҳуҷҷатҳои соҳавӣ ҷойгир карда шуда, он бо бойгонии электронии марказӣ пайваст мебошад.
Дар бино китобхона, мизу курсиҳои ба шароити замон мутобиқ, ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурият ва кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Ховалинг ҷойгир карда шудааст.
Корҳои сохтмонии бинои нави маъмурӣ моҳи ноябри соли 2023 оғоз гардида, моҳи августи соли 2024 анҷом ёфтааст.
Сохтмони бино аз ҷониби ширкати ватании “Тахт-иншоот” бо истифодаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ мутобиқи талаботи стандартҳои давлатӣ ба анҷом расонида шудааст.
Дар раванди корҳои сохтмонӣ 16 нафар ба кор ҷалб карда шуда, лоиҳа дар муҳлати муқараргардида бо сарфи маблағи беш аз 3,2 млн. сомонӣ амалӣ гардид.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи бино Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити муҳайёгардида баҳои баланд доданд.
Ифтитоҳи бинои нави Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Ховалинг муҳити кории кормандони соҳаро ба замони муосир мутобиқ гардонида, сатҳу сифати хизматрасониро ҷиҳати анҷом додани корҳои заминсозӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, таҳияи лоиҳаҳои иншооти сохташаванда, парвандаҳои заминсозӣ, тайёр намудани шиносномаи техникии манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, хизматрасонӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ боз ҳам беҳтар намудааст.
Зимни суҳбат бо кормандони соҳа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба такмили таҷрибаи мутахассисон, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба муштариён, дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, истифодаи васеи воситаҳои муосири техникӣ, барномаҳои электронӣ ва дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро намудани корҳо тавсияҳои судманд доданд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар пешбурди корҳо системаи худкори бақайдгирӣ фаъол мебошад, ки ин дар шаффофияти корбарӣ заминаи мусоидро фароҳам овардааст.
Айни ҳол дар бойгонии Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Ховалинг беш аз 7 ҳазор парванда маҳфуз аст. Ҳамаи он ба бойгонии электронӣ ворид карда шуда, ба махзани ягонаи марказӣ пайваст мебошад. Бо электронӣ гардидани бойгонӣ муроҷиаткунандагон имкон доранд, ки ҳуҷҷатҳои лозимаи худро сари вақт дар муҳлатҳои кутоҳ дастрас намоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид






