Рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Инноватсия ва рақамишавӣ имкон дод, ки дар даҳ соли охир суръати рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфта, ҳиссаи иқтисоди рақамӣ ба ҳисоби миёна беш аз 15 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилии глобалиро ташкил диҳад, ки ин нишондиҳанда барои давлатҳои алоҳида то 40 фоиз ба мушоҳида мерасад. Ин матлабро 20 сентябр Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар Форуми миллии «Рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ», ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, баён намуд.
Гуфта шуд, ки гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ қадам барои беҳтарсозии вазъи иқтисодии давлат аст. Зеро он имконияти кам намудани вақти барориши маҳсулоти нав ба бозорро таъмин намуда, дараҷаи чандирии истеҳсолотро баланд мебардорад. Он инчунин сифати маҳсулот, самаранокии ҷараёни истеҳсолотро беҳтар намуда, дар охир ба беҳтар шудани рақобатпазирии саноат ва зиёдшавии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мерасонад.
Завқӣ Завқизода афзуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз ҷумла чунин баён намудаанд: «Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад».
Дар мамлакат Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки технологияҳои инноватсионии фарогири ҳудуди васеъ бо суръати баланд тараққиёти ҳар давлат аст ва ояндаи наздик тасаввуроти моро оид ба имконият куллан дигар месозанд. Тараққиёти босуръати шабакаҳои иҷтимоӣ, бозори смартфонҳо, иҷозати бемаҳдуд ба интернет, технологияи таълими мошинӣ ва зеҳни сунъӣ куллан оламро дигаргун месозанд. Дар ин замина таҳлили манбаъҳои ташаккул, барқароршавӣ ва тараққиёти иқтисодиёти рақамӣ мувофиқи мақсад мебошад.
«Ҳаҷми умумии тиҷорати электронӣ дар ҷаҳон аз 17 триллион доллар дар соли 2016 то 27 триллион доллар дар соли 2022 ё 1,6 маротиба афзоиш ёфтааст. Инчунин шумораи истифодабарандагони смартфонҳо аз 1 миллиард адади соли 2014 то 5 миллиард адади соли 2024 ё 5 маротиба зиёд шудааст»,-гуфт Завқӣ Завқизода.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






