Шоҳмотбозони тоҷик дар Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонӣ дар Будапешт сабқат доранд

Сентябрь 13, 2024 10:39

ДУШАНБЕ, 13.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонӣ оид ба шоҳмот, ки аз 10 то 23 сентябр дар шаҳри Будапешт баргузор мегардад, 10 шоҳмотбози тоҷик иштирок дорад. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар олимпиада шумораи рекордии дастаҳо — 197 нафар дар чемпионати кушод (мардон) ва 184 даста дар байни занон номнавис шудаанд.

Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон 10 нафар- Надежда Антонова, Рухшона Саидова, Дилола Толибова, Шукрона Масҳабова, Саодат Одинаева, Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Ҷалолиддин Илҳомӣ, Аминҷон Қобилов ва Сулаймон Оймаҳмадовро бо роҳнамоии Ҷамшед Исоев ва Хуршед Ватанов ба ин мусобиқаи ҷаҳонӣ равон намудааст.

Дар даври 2-юми Олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба шоҳмот  байни мардон шоҳмотбозони тоҷик ҳисобро бо дастаи Латвия мусовӣ- 2:2 карда, дар сабқат байни занон аз дастаи Хорватия бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуданд.

Имрӯз, 13 сентябр дар даври 3-юм дастаи мардонаи Тоҷикистон бо дастаи Сингапур ва дастаи занона бо дастаи Чехия вомехӯрад.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи 44-уми шоҳмот моҳи августи соли 2022 дар шаҳри Ченнаи Ҳиндустон баргузор гардида буд.

АКС: Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2024 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад