СИВУ СЕ БАҲОРИ ОБОДОНИИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шаҳри озоду зебо ва шукуфону дилрабо мубаддал гардид
ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар 33 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон зери сиёсати дурандешонаю муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои пойтахт дигаргун гашта, ободонию созандагӣ ва сабзкорӣ равнақи тоза касб намуд.
Махсусан қомат афрохтани боғҳои фарҳангу фароғатӣ дар шаҳри Душанбе ба симои пойтахти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон-шаҳри Душанбе зеби дигар бахшида, вазъи экологӣ ба маротиб беҳтар гардид.
Тавре Президенти ҷумҳурӣ иброз доштанд: «Итминони комил дорам, ки сокинони шаҳри Душанбе минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро дар пойтахти азизамон вусъати бештар мебахшанд, шаҳри Душанберо ба макони воқеан биҳиштосо, шаҳри зебову пешрафта табдил медиҳанд ва собит месозанд, ки тоҷикон давоми таърихи худ мардуми шаҳрсозу шаҳрдор ва шаҳрнишин буданд».
Бо ифтихормандӣ бояд гуфт, ки дар замони истиқлол, махсусан дар солҳои 2017-2024 зери роҳбарии бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди пойтахт гулгашт, хиёбон ва боғҳо бо истифода аз навтарин усулҳои муосир обод ва навсозӣ шуданд. Махсусан бо навтарин композитсияҳои муосир гулгашт ва боғҳо бо гулу сабза оро ёфта, ба зебоии атроф ҳусни дигар зам намуданд.
Дар замони истиқлол Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Низомуддин Алишери Навоӣ дар кӯчаи Беҳзод мавриди истифода қарор дода шуд. Боғ дар майдони 2,8 гектар доман густурда, дар ҳудуди он 576 бех дарахтони ороишию буттагӣ, 270 ҳазор дона гул шинонида, 14 ҳазор м2 майсазор корида шудааст. Хурсандибахш аст, ки имрӯзҳо боғи фарҳангу фароғатӣ макони дӯстдоштаи хурду бузург гашта, ҳар рӯз садҳо шаҳрвандон аз дохил ва хориҷи мамлакат аз ҳавои муаттари ин боғ нафас мекашанд. Бояд гуфт, ки муҷассамаи шоирон аз рӯи лоиҳаи Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафур Ҷӯраев чун рамзи маърифат ва фарҳанг дар болои ҳафт зина сохта шуда, як лаҳзаи муҳокимаи ашъори устоду шогирдро ифода менамояд. Қомат афрохтани муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ нишони онаст, ки миллати тоҷику узбек дар масири таърих саҳми муштарак дошта, барои баланд бардоштани фарҳанги ду миллат хизмати устодони каломи бадеъ- Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ қобили мулоҳиза мебошад. Дар ин баробар ҳамзамон ин рӯйдоди фарҳангӣ дар робитаҳои байниҳамдигарии ду ҷумҳурӣ саҳифаи нав боз намуд.
Боғи дигари шаҳри Душанбе ба номи мутафаккири халқи тоҷик Аҳмад Махдуми Дониш мебошад, ки дар хиёбони Рӯдакӣ- рӯ ба рӯи бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Боғ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» навсозӣ гашта, дар ҳудуди 2,85 гектар доман афрохтааст. Дар боғ ба миқдори зиёда аз 1000 бех дарахти ороишӣ, 700 бех гули бисёрсолаи хризантема шинонида, дар майдони 12 ҳазор м2 майсазор кишт карда шудааст.
Раванди корҳои ободониву созандагӣ зери назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо давоми соли 2017 дар пойтахт 75 майдону маркази хурду бузурги варзишӣ бунёд шуда, дар аксари гулгаштҳо ва боғҳои фароғату истироҳат ҷойҳои алоҳидаи машқу тамрин сохта шуданд, ки ин ҳама ба оммавигардонии варзиш ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон мусоидат намуд. Бо супориши Раиси шаҳри Душанбе соли 2018 дар пойтахти мамлакат барои наврасону ҷавонон боз 90 майдони варзишӣ ва гулгашти нав сохта шуд.
Пойтахти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шаҳри озоду зебо ва шукуфону дилрабо мубаддал гардид, ки чунин ҳолат аз чашми касе пинҳон намонд. Бунёд ёфтани минтақаҳои сарсабз ва таҷдиду навсозӣ гардидани боғҳои фарҳангу фароғатии «Ҷавонон» дар масоҳати 13,1 гектар, «Кӯли ҷавонон» дар масоҳати 2,5 гектар, боғҳои ба номи Садриддин Айнӣ дар масоҳати 16,24 гектар, Абулқосим Фирдавсӣ дар масоҳати 24 гектар, Алишер Навоӣ дар масоҳати 2,8 гектар, Восеъ дар масоҳати 3,2 гектар ва Аҳмади Дониш дар майдони 3 гектар саҳифаи наве дар тозакориҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буда, муҳити табииро ба маротиб дилработар гардониданд.
Раванди корҳои ободониву сабзгардонӣ ривоҷу равнақ ёфта, дар муқоиса ба даҳ соли гузашта вазъи экологии шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа дигаргун гаштааст.
Мақомоти шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки минтақаҳои сабзазоршударо зери назорати ҷиддӣ қарор дода, дар мавсими ниҳолшинонии минбаъда мутобиқ ба қарори марбутаи шаҳрдорӣ як силсила минтақаҳоро таҷдиду навсозӣ ва ҷиҳати тозаву зебо ва сабзу шукуфон гардидани шаҳри Душанбе корҳои назаррас анҷом диҳад. Дар мавсими имсолаи сабзазоркунӣ корҳои ободониву созандагӣ зери назорати Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷараёни тоза гирифта, дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 403 ҳазору 788 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда, буттагӣ, дар қитъаҳои алоҳида ба миқдори 17 миллиону 486 ҳазору 522 дона гулҳои мавсимӣ ва дар майдони 171 210 м2 майсазор кишт карда шуд.
Боғи фарҳангу фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳанӯз соли 1940-уми асри гузашта бунёд ёфта, моҳи ноябри соли 2017 бо дастури Президенти Тоҷикистон навсозии боғ оғоз ёфт. Дар остонаи таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боғи фарҳангу фароғатӣ дари худро ба рӯи истироҳаткунандагон боз намуд. Ҳар нафаре, ки вориди боғ мегардад, аз нигоҳи аввал мушоҳида менамояд, ки бешак, ҳудуди истироҳатгоҳ куллан тағйир ёфта, ба макони дӯстдоштаи меҳмонон ва сокинони пойтахт мубаддал гардидааст. Дар ҳудуди боғ зиёда аз 500 бех дарахти нодири сояафкану ороишӣ, се навъ гули мавсимӣ, зиёда аз 400 ҳазор бех гулҳо шинонида шуда, 18 ҳазор метри мураббаъ сабзазор карда шуд, ки муҳити боғро сарсабз нигоҳ медоранд.
Боғи фарҳангу фароғатии собиқ «Дӯстии халқҳо» ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта бунёд ёфта, макони истироҳати сокинон қарор дошт. Вале бо сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани таҷҳизоти техникӣ ва бо назардошти ба талаботи муосир ҷавобгӯ набуданаш дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғ навсозӣ карда шуд.
Дар ҳудуди Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ 750 ҳазор бех гулу гулбуттаҳои ороишӣ шинонида, майдони 17 гектар сабзазор карда шудааст, ки таваҷҷуҳи ҳар бинанда ва сайёҳро ба худ ҷалб менамояд. Бояд гуфт, ки барои ҷалби наврасону ҷавонон ба ин минтақаи истироҳатӣ дар боғ дар масоҳати 2 гектар майдонча барои бозии футболи хурд бо 220 ҷойи нишаст, қасри теннис, майдончаи тенниси рӯимизӣ, майдони кушод барои обутоби бадан ва маркази бозиҳои кӯдакона бунёд шудааст.
Меҳмонон ва сокинони шаҳраки 65-уми ноҳияи Фирдавсӣ аз чунин боғи сарсабзу хуррам, шукуфазор ва назаррабо шод буда, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро дар самти таъмини ободонию созандагӣ ҷонибдорӣ ва барои беҳтар намудани вазъи экологии маҳалли зист ҳиссагузорӣ менамоянд.
Ҳоло Душанбе ба яке аз шаҳрҳои сайёҳӣ табдил ёфтааст, ки ҳамарӯза сайёҳон аз дуру наздик омада, бо минтақаҳои диққатҷалбкунандаи он шинос мешаванд ва бо таассуроти хотирмон ба ватанашон бармегарданд. Шаҳрвандони Душанбе давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шоҳиди куллан дигаргун шудани минтақаҳои ноҳияҳои пойтахт гаштанд ва имрӯзҳо корҳои ободонию созандагӣ равнақ мегиранд.
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе соли 2024 дар пойтахт Соли маърифати экологӣ эълон гардида, дар ин раванд барои баланд гардидани маърифати экологӣ корҳои ободонию созандагӣ идома доранд.
Моҳи марти имсол дар 50 нуқтаи осебпазири шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камераҳои назоратӣ насб шуданд, ки ҷойгир намудани партовҳои сохтмонӣ ва маиширо дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ назорат мекунанд. Чунин тадбири экологӣ имкон медиҳад, ки шаҳрвандон аз ҷойгир намудани партов дар минтақаҳои мамнуъ худдорӣ намуда, вазъи экологӣ беҳтар гардад.
Бо мақсади дастгирии ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт ва дар доираи Соли маърифати экологӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ озмуни «Беҳтарин ноҳия», «Беҳтарин маҳалла» ва «Беҳтарин муассиса» амалӣ гардид. Ин иқдом имкон медиҳад, ки пойтахти мамлакат рушд намуда, сарсабзу озода шавад ва маърифату тарбияи экологӣ дар он баланд гардад.
Бо инобати баланд гардидани маърифати экологии аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ се барномаи давлатӣ қабул гардид. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мавриди амал қарор дорад.
Дар замони истиқлолият бо ҳидоят ва роҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 18 гулгашт мавриди истифода қарор дода шуд, ки масоҳати умумии онҳо 26,7 гектарро ташкил медиҳад. Баҳри сазовор таҷлил намудани 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини фароғату истироҳати сокинон гулгашти замонавӣ бо пайкараҳои ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, аз қабили Марко Поло, бабри барфӣ, оҳуи бухороӣ, бузи пармашох (морхӯр) бо дизайни замонавӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ бо санги мармар сохта шуда, дар гулгашт насб гардид.
Масоҳати умумии гулгашт чор ҳазор метри мураббаъ буда, дар баробари гулзор ва сабзазор гаштан ҳамчунон роҳравҳо бо санги хоро оро ёфтаанд.
Бояд таъкид намуд, ки пайкараи Марко Поло 1,5 тоннаро ташкил дода, дар меҳвари асосии гулгашт қарор дорад. Зеро гӯсфанди Марко Поло яке аз нодиртарин ҳайвоноти Тоҷикистон аст. Мавзеи сукунати Марко Поло дар ҳудуди Помири шарқӣ паҳн гашта, дар баландии беш аз 3500 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунад. Дар асоси маълумоти Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи баҳисобгирии соли 2009 саршумори он 24 ҳазор сарро ташкил медиҳад.
Бо мақсади истироҳати шаҳрвандон давоми чанд соли охир бо дастур ва супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ якчанд боғ бунёд ва гулгаштҳои замонавӣ сохта шуданд, ки дар таъмини фароғати сокинон, меҳмонон ва сайёҳон нақши муҳим доранд. Бо заҳматҳои шабонарӯзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пойтахт ба яке аз шаҳрҳои амну осоиш, сулҳу субот табдил ёфта, шаҳрвандон имкон доранд дар дилхоҳ вақту соати мусоид аз ин иншооти фароғатӣ истифода баранд.
Воқеан, шаҳри азизи мо- Душанбе шаҳри дӯстдоштанӣ, шаҳри сулҳу амну осоиш ва сарсабз гардидааст. Аз ин рӯ таъкид менамоем, ки дар муносибат ба обу хок ва покизагии ҳавои шаҳри Душанбе бояд муносибати дилсӯзона дошта бошем ва ба дигарон низ ташвиқ намоем, ки гулу сабза, ниҳол ва обу ҳавои ин шаҳри гулфишонро муқаддас шуморанд.
Абдуқодир НАЗИРЗОДА,
сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе