Таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо бонкҳои Салвадор, Покистон ва Шриланка баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳои Форуми глобалии сиёсати фарогирии молиявӣ, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода бо Президенти Бонки марказии захиравии Салвадор Лик Дуглас Пабло Родригес, раиси Бонки марказии Покистон Ҷамил Аҳмад ва муовини раиси Бонки марказии Шри-Ланка Муҳаммед Аҳмед вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар вохӯриҳо ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкории мутақобили судманд дар самти омӯзиш ва табодули таҷрибаи пешрафтаи низоми бонкӣ, аз ҷумла рушди маблағгузории «сабз», масъалаҳои инноватсионии гендерӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ, афзоиши иқтидори рушди низоми хизматрасонии рақамӣ суҳбат карда, истифодаи таҷрибаи пешрафтаро вобаста ба таҳкими иқтидори кадрӣ дар самти татбиқи амалии Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро барои ифтитоҳи бонк ё намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ муҳайё намудааст.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3276 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Дар Форуми байналмилалии бонкӣ-2026 масоили бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ баррасӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид






