ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, ҷумъа, 257-умин рӯзи соли 2024 аст

Сентябрь 13, 2024 08:00

13 сентябри соли 2011 дар шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон)-и вилояти Суғд Форуми байналмилалии иқтисодии «Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон – иқтидори рушд» баргузор гардид.

***

13 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории Шанхай суханронӣ намуданд.

***

10 сол пеш, 13 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин агрегати дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо ба кор дароварда, ба сохтмони навбати дуюми ин иншооти азими энергетикӣ ва ҳам бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Чин расман оғоз бахшиданд.

***

13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Эъломияи муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории шарикии стратегӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990 – 1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расид.

***

Соли 2017 Тоҷикистон дубора иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии масолеҳи хӯроквории WorldFood Moscow шуд, ки 11 сентябри ҳамон сол дар шаҳри Москва баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон, ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» ва «Кӯҳсори Бадахшон» дар деҳаи Хуфи Ҷамоати деҳоти Пастхуф таҳти унвони «Ганҷи Бадахшон» бо иштироки коршиносони масоили муҳити зист, олимони Институти биологии Помири Академияи миллии илмии Тоҷикистон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Хуф Фестивали экологӣ-фарҳангӣ доир гардид

***

13 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

13 СЕНТЯБР:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи мелиораторон.

***

Дар Русия – Рӯзи барномасозон.

Сентябрь 13, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, панҷшанбе, 256-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, чоршанбе, 255-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, сешанбе, 254-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, душанбе, 253-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, якшанбе, 252-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, шанбе, 251-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, ҷумъа, 250-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, панҷшанбе, 249-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, сешанбе, 247-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, душанбе, 246-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, якшанбе, 245-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, шанбе, 244-умин рӯзи соли 2024 аст