ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, якшанбе, 259-умин рӯзи соли 2024 аст
15 сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудани соли 2010 фармон ба имзо расониданд.
***
15 сол пеш, 15 сентябри соли 2009 Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Мартин Марми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои хизматҳои махсусан муҳимашон дар рушди нақлиёт ва боркашонии байналмилалӣ бо Ордени ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ сарфароз гардонид.
***
15 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми Кумита оид ба ҳамкории гумрукии барномаи ҳамкории минтақавӣ-иқтисодии Осиёи Марказӣ доир шуд.
***
15 сентябри соли 2011 китоби «Системаи экологии Тоҷикистон» аз чоп баромад.
***
12 сол пеш, 15 сентябри соли 2012 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоиза ба ғолибони мусобиқаи «Беҳтарин мол ва хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
***
15 сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар маросими ниҳолшинонӣ иштирок карда, бо Маҷмааи фарҳангию этнографии «Шаҳри абадӣ» шинос шуданд.
***
15 сентябри соли 2023 дар Қасри миллат ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид.
15 СЕНТЯБР:
Рӯзи байналмилалии демократия.
***
Дар Гватемала — Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Беларус- Рӯзи китобхонаҳо