ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, шанбе, 272-юмин рӯзи соли 2024 аст
28 сентябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба тақсим ва муайянкунии сарҳади давлатӣ ба кор оғоз намуд, ки то 5 октябр давом ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон форуми тиҷоратӣ баргузор гардид.
***
12 сол қабл, 28 сентябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
***
9 сол пеш, 28 сентябри соли 2015 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзуи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим» суханронӣ намуданд.
***
28 сентябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони Хадамоти гумруки мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
7 сол пеш, 28 сентябри соли 2017 «Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
***
28 сентябри соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ифтихори 25-солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ байни ду давлат барномаи фарҳангии «Шоми дӯстии Тоҷикистон ва Корея» баргузор гардид.
***
28 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 зодаи Тоҷикистон Аслигул Тиллохонова дар Озмуни байналмилалии забони англисӣ ва арабӣ дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср комёб гардида, соҳиби ҷоиза ва Диплом шуд.
***
28 сентябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон вориди шаҳри Берлин шуданд.
28 СЕНТЯБР:
Рӯзи байналмилалии баҳр.
***
Дар Русия – Рӯзи кормандони саноати атомӣ.