ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, панҷшанбе, 249-умин рӯзи соли 2024 аст

Сентябрь 5, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1941 дар шаҳри Хоруғ Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносӣ таъсис ёфт.

***

18 сол пеш аз ин, 5 сентябри соли 2006 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бахшида ба 15-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «Тоҷикистон-қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ» нашр шуд.

***

5 сентябри соли 2011 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ба истифода дода шуд.

***

5 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ» ва Намоишгоҳи V байналмилалии китоб, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир гардид, суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС дар ҳошияи Ҳамоиши БРИКС сухан гуфтанд.

***

5 сентябри соли 2017 дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври сеюми Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бар дастаи  мунтахаби футболи Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

***

Соли 2018  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Уштобеи Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷоми ҷаҳони Казахкуреш баргузор гардид, ки паҳлавонони  тоҷик дар ин мусобиқаи сатҳи баланд соҳиби се медал гардиданд.

5 СЕНТЯБР:

Рӯзи байналмилалии миннатдорӣ.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи муаллим.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҳалима Алибоева- соли 1958 — актрисаи балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Сентябрь 5, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, якшанбе, 54-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, шанбе, 53-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, ҷумъа, 52-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, панҷшанбе, 51-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, чоршанбе, 50-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, сешанбе, 49-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, душанбе, 48-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, якшанбе, 47-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, шанбе, 46-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, ҷумъа, 45-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, панҷшанбе, 44-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 феврал, чоршанбе, 43-юмин рӯзи соли 2025 аст