Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко вохӯрӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 10.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти хоссаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко, ки бо сафари корӣ барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии байнипарламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон – Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳор доштанд, ки Русия ва Тоҷикистон шарикони воқеии стратегӣ буда дар Тоҷикистон ба рушду таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои байнидавлатӣ бо Федератсияи Русия аҳамияти зарурӣ дода мешавад.
Ҷонибҳо аз раванди рушди муносибатҳои байнипарламентии ду мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда, ба нақши парламентҳои ҳарду давлат ҳамчун воситаи муҳимму боътимоди рушди ҳамкорӣ баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки Форуми байнипарламентии Тоҷикистон-Русия оид ба ҳамкории минтақавӣ на танҳо барои палатаҳои болоии парламентҳо, балки барои намояндагони доираи васеи кории ҳарду давлат майдони босамари муколамаи байнипарламентӣ ва баррасии масъалаҳои мубрами дуҷониба ба ҳисоб меравад.
Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанба байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Русия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд.
Ҳамчунин дар мулоқот дар атрофи масоили байналмилалӣ, аз ҷумла, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон табодули афкор доир шуд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






