Рушди робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо Вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фавзон ар-Рабиъа баргузор гардид, ки зимни он масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла табодули таҷриба дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ташкилу танзими сафарҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин густариши ҳамкорӣ дар самти тарғиби имконияти сайёҳии ду давлатро мавриди муҳокима қарор доданд.
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода изҳор дошт, ки ҳарду давлат зарфияти бузурги истифоданашуда дар самти ҷалби мутақобили сайёҳонро доро мебошанд.
Вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фавзон ар-Рабиъа изҳор намуд, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамеша омода аст, ки шароити хуби сафарҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ин кишвар фароҳам орад ва ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ саҳм гузорад.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






