ҶАШНИ МЕҲРГОН-СУННАТИ АҶДОДӢ. Андешаҳои президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 19.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳияти таҷлили ҷашни бостонӣ-Меҳргон маънои ҷамъбасти кори кишоварзон, дастоварди онҳо дар натиҷагирии ҳосилот, билохира омодагии мардум ба фасли зимистон ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Баъдан, ҷашни мазкур имкон медиҳад, ки шаҳру деҳот ба ҳам наздик шаванд, зеро ташкили намоиш- фурўши маҳсулоти кишоварзӣ аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои тарғиби санъати кишоварзӣ ва таъминоти мардуми шаҳр бо маҳсулоти тару тоза, инчунин барои тарғиби беҳтарин таҷрибаи кишоварзӣ мусоидат менамояд. Чунин баён намуд Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода ба АМИТ «Ховар» бахшида ба фарорасии ҷашни Меҳргон.
-Солиёни зиёд байни мардуми мо дар минтақаҳои гуногун Меҳргон бо номи «Иди ҳосил» ҷашн гирифта мешуд. Мардум дар фасли тирамоҳ ба ҳосилғундорӣ ва захира намудани маҳсулот барои зимистон оғоз мекарданд. Инчунин дар ҷашни Меҳргон барои ҷамъоварии ҳосили бо ранҷ парварида маъракаи дастҷамъона баргузор менамуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон дубора эҳё гардид ва ба ҷашни миллии мардумӣ табдил ёфт. Инак 15 сол аст, ки дар саросари мамлакат кишоварзон якҷо бо мардум ин суннати аҷдодӣ-ҷашни Меҳргонро бо шодию нишон ва хушҳолӣ истиқбол ва бо шукрона аз фазои сулҳу суботи Ватан ҳамдигарро бо ин ҷашни бостонӣ табрик менамоянд.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «таҷлил танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда ҳидоят намояд. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани мамлакат аз лиҳози таъмини маҳсулоти ғизоӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад».
Кишоварзони тоҷик ба истиқболи ҷашни Меҳргон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд менамоянд. Ҳоло ҳазорҳо тонна меваю сабзавот ва меваҳои хушк истеҳсол шуда, инчунин ба хориҷи мамлакат содирот мешаванд.
Меҳргон иди касбии олимони соҳаи кишоварзӣ низ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини илмии рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ пурсамар фаъолият намуда, иди Меҳргонро бо дастовардҳои шоиста пешвоз мегиранд.
Чашни Меҳргонро гузаштагонамон давоми якчанд рӯз ба таври пуршукуҳ таҷлил менамуданд. Рӯзи аввали ид «Меҳргони омма» номгузорӣ мешуд ва мардум дар ин рӯз ба сайр мебаромаданд. Одамон либоси хоссаи сурх ва арғувонӣ мепӯшиданд ва ба шодбошии ҳамдигарӣ сурудхонон меомаданд. Дар бораи анъанаҳои неки ин ҷашн дар осори дигар адибону муаррихон маълумоти фаровон оварда шудааст. Анъанаҳои неки кишоварзону деҳқонон- оростани дастархон ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ маҳз хоси рӯзҳои иди Меҳргон будааст.
Инчунин рӯзи Меҳргон дастархоне аз матои сурх (арғувонӣ) густурда, онро бо нону мевагиҳои сол оро медодаанд. Ҳунармандон аз ҳафт навъи зироат нон мепухтанд: аз гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё. Рамзи дастархон ва ороиши онро бобои деҳқон фоли нек медонист ва омадани соли навро бахосият мегуфтанд.
Ҳамин тариқ, ҷашни Меҳргон аз қадим то ба ҳол на танҳо хусусияти тамаддуни фарҳангӣ ва сарҷамъӣ дорад, инчунин ба хотири намоиши маҳсулоти дастранҷи яксолаи кишоварзон гузаронида мешавад. Дар ин баробар кишоварзон бо дастовардҳои ҳамдигар шинос шуда, нисбат ба навъу намунаҳои зироат, ба иқлими минтақаҳо мувофиқ будани он, давраи нашъу намо ва ҳосилнокии зироати пешниҳодшуда маълумот пайдо менамоянд. Баргузории ин ид имкон медиҳад, ки насли ҷавону ба камолрасида аз маросими ид ғизои маънавӣ гирифта, оид ба он маълумот пайдо намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






