Бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти судӣ дар вилояти Хатлон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ҳамоиш доир шуд. Ҳадаф аз баргузории он арҷгузорӣ ба заҳмати кормандони мақомоти судӣ дар таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва риояи қонунгузорӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
«Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули фаъолияти доманадори мақомоти судӣ дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Хатлон заминаи мусоид фароҳам овард»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.
Иброз шуд, ки дар ин давра барои таҳкиму такомули мақомоти судӣ якчанд барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабулу татбиқ шудааст. Онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷамъият, таъмини шароити мусоид барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва дар маҷмуъ, ба амал баровардани адолати судӣ нақши босазо доранд.
Бояд гуфт, ки аввалин маротиба дар таърихи сиёсии мамлакат дар сатҳи конститутсионӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд. Ин меъёри воқеан демократӣ дар моддаи 9 Конститутсия ба таври зайл муқаррар шудааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».
Дар ҳамин радиф ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, аз ҷиҳати тарзи ташкилию сифатӣ ва миқдорӣ ниҳодҳои баамалбарории адолати судӣ инкишоф ёфт ва бори аввал дар низоми судии мамлакат — Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ арзи вуҷуд намуданд.
Дар мамлакат барои танзими фаъолияти ҳокимияти судӣ қонунҳои конститутсионӣ қабул гардидаанд, ки инҳо «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи сохтори судҳо» мебошанд. Ин қонунҳо аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабул гардидаанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши мақомоти судӣ барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки 26 сентябри соли 1999 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки онҳо ба рушду такомули давлату давлатдории миллӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. Бори дуюм — 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар бар гирифта, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намуданд.
Дар баробари ҳама ин дастовардҳо инчунин бо дастгирии Президенти Тоҷикистон 21 январи соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардид. Минбаъд 26 октябри ҳар сол расман Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ таҷлил карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст






