Бахшида ба Рӯзи омӯзгор 172 нафар собиқадорону кормандони маорифи ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи омӯзгор 172 нафар собиқадорону кормандони маорифи ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.
Дар ҳамоиши идона, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид, кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорону собиқадорони соҳа бо “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Саодат Шукурзода аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, оид ба ҳамасола баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа аз тарафи ҳукумати мамлакат ибрози назар намуд.
Ҳамзамон бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои омӯзгорон 4 нафар бо нишони ифтихории «Аълочии маорифи Тоҷикистон», 8 нафар бо “Ифтихорнома”-и Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 20 нафар бо “Сипоснома”-и раиси ноҳия ва 140 нафар собиқадорону кормандони маорифи ноҳия бо “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби ҳунармандон ва тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ» ба муносибати Рӯзи омӯзгор барномаи фарҳангии ҷолиб пешниҳод карда шуд.
АКС: Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе








Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид






