Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон 377 нафар собиқадорону кормандони маорифи ноҳияи Сино қадрдонӣ шуданд

Октябрь 6, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи таҷлили бошукуҳи Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №19 бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин мақомот хабар доданд.

Раиси ноҳияи Сино Тоҷиддин Саидзода аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, оид ба мақом ва эҳтиром ба забони давлатӣ, инчунин баланд бардоштани мавқеи  омӯзгор дар ҷомеа аз тарафи ҳукумати мамлакат ибрози назар намуд.

Дар ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои омӯзгорон 5 нафар бо  нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илм», 4 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  12 нафар бо Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 6 нафар бо Сипосномаи Раиси ноҳияи Сино  ва 350 нафар собиқадорону кормадони маорифи ноҳия бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ба хотири арҷгузорӣ ба заҳматҳои аҳли маориф, яъне омӯзгорон ҳамеша тадбирҳои судманд меандешад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино

 

Октябрь 6, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Шероз бо имконоти муосири таълимию илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра дар Тоҷикистон шумораи мактабҳо, хонандагон ва омӯзгорон афзоиш ёфт
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе бо зиёда аз 40 муассисаи хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ раёсати маориф ва 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид
Оид ба таҳкими истиқлоли илмӣ ва рушди он дар замони муосир ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Хатлон беш аз 900 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст
Дар Тоҷикистон сифати таҳсил баланд арзёбӣ мегардад, вале қонеъкунанда нест
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон 341 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад
Барои такмили ихтисоси мураббиёну омӯзгорон фаъолияти таълимӣ аз рӯйи низоми модулӣ оғоз гардид
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид