БО ДУОИ НЕКИ МОДАРОН. Наваскарони ноҳияи Ёвон ба ҳифзи Ватан раҳсипор шуданд
ЁВОН, 02.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи даъватшаванда ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин рӯз 340 даъватшаванда бо дуои неки модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон итилоъ доданд.
Дар ин рӯз бо иштироки роҳбарияти ноҳияи Ёвон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, наваскарон ва ҷавонону сокинон роҳпаймоӣ баргузор шуд.
Зимни ҳамоиши тантанавӣ иброз гардид, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ҷавононе, ки ба синни даъват расидаанд, ба таври ихтиёрӣ ва бо азму иродаи қавӣ бо мақсади иҷро намудани қарзи фарзандӣ дар назди халқу Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст.
Саодат Бобосолиева, модари сарбози ихтиёрӣ Шоҳрух Буриев ба наваскарон дар адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон далерию шуҷоат, масъулияти баланди ватандӯстӣ ва барору комёбӣ таманно намуд.
Дар анҷоми ҷамъомад ба хотири болидаруҳии наваскарон ва падару модарон барномаи фарҳангӣ доир шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон










Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






