Бонки миллии Тоҷикистон ба Вестерн Юнион Нетворк иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон» ба Вестерн Юнион Нетворк барои фаъолияти оператории низоми пардохтии «Вестерн Юнион» (Фаронса) тавассути аз нав ба расмият даровардан иҷозатнома дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Ин тасмим бинобар тағйир ёфтани суроғаи ҳуқуқии Вестерн Юнион Нетворк бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ва «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» гирифта шудааст.
Дар ин замина Департаменти низоми пардохт ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ва Феҳристи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ сабти дахлдор ворид намуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2136 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
«Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд






