Дар Аврупо метавонанд биёбонҳо пайдо шаванд

Октябрь 8, 2024 16:33

ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Аврупои Ҷанубӣ метавонанд биёбонҳо пайдо шаванд, ки сабаби ташаккули онҳо гармшавии глобалӣ мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзномаи The Daily Telegraph бо такя ба раиси Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносони Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим Ҷим Ски иттилоъ додааст.

«Тамоми Аврупо осебпазир аст, бахусус баҳри Миёназамин. Мо аллакай мушоҳида кардаем, ки биёбоншавӣ на танҳо дар Африқои Шимолӣ, балки дар канораҳои ҷанубии Аврупо, аз қабили Юнон, Португалия ва Туркия низ ба амал меояд», — гуфт ӯ.

Тавре коршинос хабар медиҳад, гармшавии глобалӣ метавонад иқлими бисёр кишварҳоро тағйир дода, ба намнок ва гарм табдил диҳад. Ин ҳолат пеш бурдани намудҳои гуногуни фаъолияти иқтисодиро душвор мегардонад. Ҷим Ски бовар дорад, ки то соли 2100 ҳарорати ҳаво дар минтақа то 3 дараҷаи Селсия баланд мешавад.

Раиси Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон ҳамчунин таъкид намуд, ки башарият аллакай имкони ҷилавгирии фалокатҳоро аз даст додааст ва акнун сокинони Заминро талоши бесобиқа зарур аст, то суръати гармшавии глобалӣ боз дошта шавад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 8, 2024 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад