Дар Душанбе бо ҷалби равоншиносони хориҷӣ барои варзишгарон машварати омӯзишӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 08.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои баланд бардоштани дониши соҳавии мураббиёну варзишгарон дар самти психологияи варзишӣ таҳти унвони «Нақши психологияи варзишӣ дар ҳавасмандсозӣ ва идоракунии варзишгарон: роҳҳои беҳтар кардани натиҷаҳои варзишӣ» машварати омӯзишӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд.
Машварати омӯзишӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ доир гардида, имкон фароҳам меорад, ки варзишгарон донишу таҷрибаашонро дар соҳаи психологияи варзишӣ ғанӣ намуда, усулҳои муосири баланд бардоштани натиҷаҳои варзиширо омӯзанд.
Равоншиносӣ воситаи муассири ҳавасмандсозӣ ва идоракунии варзишгарон аст, ки барои ноил шудан ба натиҷаҳои олӣ кумак мекунад. Аз ин рӯ дар музаффарияти варзишгарон дар баробари омодагии ҷисмонӣ омодагии равонӣ низ нақши ҳалкунанда мебозад.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш маротибаи 5–ум аст, ки аз хориҷи мамлакат мутахассисони сатҳи байналмилалӣ барои омӯзонидани мураббиёну масъулини соҳа ва такмили донишҳои соҳавӣ даъват мегарданд.
Машварати омӯзишӣ барои мураббиёни варзиш то 10 октябр идома меёбад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






