Дар Корхонаи истеҳсоли мебели нарми «Хонаобод»-и шаҳри Хоруғ 10 намуд маҳсулот истеҳсол карда мешавад

Октябрь 22, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 22.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Баъди ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли мебели нарми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хонаобод», дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мушкили дастрасии сокинон бо мебели хушсифат осон гардид. Дар корхонаи мазкур 10 намуд маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар корхонаи мазкур моҳи январи соли 2024 оғоз гардида, дар муддати кутоҳ ба итмом расид.

Корхонаи мебелбарории «Хонаобод» аз ду сех иборат аст, ки дар онҳо 12 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Дастгоҳу таҷҳизоти корхонаи истеҳсоли мебели нарм аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст, ки бо истифода аз онҳо 10 намуд маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Роҳбарияти корхонаи мазкур тасмим гирифтааст, ки дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулот, онро ба хориҷи мамлакат низ содир намояд.

Ёдовар мешавем, ки 13 октябри соли равон зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Парки технологиро бо фарогирии якчанд корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли мебели нарм «Хонаобод» мавриди истифода қарор доданд.

Парки технологии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 1,6 гектар бунёд гардида, дар он корхонаҳои коркард ва банду басти гӯшт, гиёҳҳои шифобахш, меваю сабзавоти хушк, коргоҳҳои хушкашуйӣ, истеҳсоли мебел ва ғайра мавҷуд мебошанд. Иқдоми мазкур дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – «Cаноатикунонии босуръати мамлакат» амалӣ гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд