Дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон»-и гарнизони Хатлон машқҳои муштараки «Рубеж-2024» баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 22.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 21 октябри соли равон дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон»-и гарнизони Хатлон машқҳои муштараки Қувваҳои дастҷамъии густариши зудамали минтақаи Осиёи Марказии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таҳти унвони «Рубеж-2024» баргузор гардиданд, ки дар он зиёда аз 1500 нафар неруҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои ин созмон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳайати таъйиншудаи неруҳои мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия дар майдони сафороии машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон» саф кашид. Чун анъана бо садои сурудҳои миллӣ, бардоштани парчамҳои давлатӣ ва гузашти низомӣ ба размоиши муштараки васеи низомӣ оғози расмӣ бахшида шуда, амалиёти муштарак шуруъ гардид.
Мувофиқ ба машқҳо дар ин размоиши васеи низомӣ дар баробари ҷалби 1500 нафар ҳайати шахсӣ, инчунин чархболҳои МИ-8, МИ-24, ҳавопаймоҳои ҳуҷумкунанда, муҳорибавию зарбазан, воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ва муҳорибаи радиоэлектронӣ, дастгоҳҳои махсуси парвозкунандаи бесарнишин, беш аз 250 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, миқдори зиёди техникаҳои автомобилии зиреҳдору нақлиётӣ, воситаҳои гуногуни артиллерӣ, силоҳу муҳиммоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ истифода шуданд.
Зимни баргузории машқҳои муштараки «Рубеж-2024» маҷмуан якчанд унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ ва дигар роҳу усулҳои мубориза ба зидди гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ амалан ташкил карда шуданд.
Зимни ҷамъбасту натиҷагирии даври ниҳоии машқҳои васеи низомӣ Вазири мудофиаи мамлакат, сардори Ситоди муттаҳидаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигарон оид ба таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлатҳои аъзои созмон, таҳким бахшидани ҳамкории мутақобили судманд, ҳадафу моҳияти баргузории размоиши муштараки ҳарбӣ, омодагӣ барои пешгирӣ аз таҳдиди хатарҳои зудтағйирёбандаи ҷомеаи башарӣ, вазъи ниҳоят мураккабу номуътадил ва бисёр ҳассосу пешгӯйинашаванда дар баъзе аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳони муосир ибрози андеша намуданд.
Ба сатҳи ҳамоҳангии ҷузъу том зимни баргузории амалиёти муштараки ҳарбӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи дастҷамъонаи зиддитеррористӣ ва ташаккули маҳорату малакаи касбии иштирокчиён баҳои баланд дода шуд.
Дар анҷоми амалиёт фаъолони размоиши васеи низомӣ бо медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид






