Дар ноҳияҳо аввалин будем: алоқаи мобилӣ дар кӯҳҳо чӣ тавр пайдо мешавад

Октябрь 11, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Қариб ҳар чорумин сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мебошад. Чунин аст натиҷаи асосии кори раёсати минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки моҳи октябр ба таъсиси он 13 сол пур мешавад. Директори он Раим Саданшоев дар бораи натиҷаҳои муҳимтарин маълумот медиҳад.

— Раёсати минтақавии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2011 таъсис дода шуд. Кадом вазифаҳо он вақт дар назди шумо гузошта шуда буданд?

— Дар бозори телекоммуникатсионӣ ҷойгоҳи сазовор гирифтану тамоми сокинони вилоятро бо алоқа таъмин кардан аз муҳимтарин корҳо буд. Маълум аст, ки барои расидан ба чунин мақсадҳо заҳмати чандинсола зарур аст ва танҳо ҳозир мо ба натиҷаи дилхоҳ наздикем. Умуман давоми сенздаҳ сол бисёр корҳо анҷом дода шуданд. МегаФон Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 140 пойгоҳи базавӣ бунёд намуд, ки беш аз садтои онҳо танҳо соли 2012 сохта шудаанд ва ин дастоварди воқеӣ аст. Мо нахустин шуда, шабакаи 3G ва 4G-ро дар ҳамаи ноҳияҳои марказӣ ва ҷамоатҳои бузург, аз ҷумла мавзеъҳои дурдасте, чун Ишкошим, Мурғоб, Дарвоз ва водии Бартанг ҷорӣ кардем. То ҳол дар он ҷо танҳо интернети мо вуҷуд дорад, ширкатҳои дигар ин мавзеъҳоро фаро нагирифтаанд.

Сохтмони шабакаҳои хусусии таҳвили маълумот аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то Хоруғ ва аз Душанбе то Ванҷ аз ҷумлаи муҳимтарин лоиҳаҳо ба ҳисоб меравад. Инчунин мо дастрасии собити баландсуръатро низ рушд медиҳем ва ба мизоҷони корпоративӣ интернети ноқилӣ пешниҳод менамоем. Ва ин дар ҳолест, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — минтақаи дорои релефи хеле мураккаби кӯҳӣ ҳар лоиҳаи техникӣ ҳалли ғайримуқаррарӣ талаб мекунад. Масалан, яке аз хатҳои захиравии радиорелейии мо, ки барои таъмини алоқаи боэътимод зарур аст, аз қуллаи кӯҳҳо мегузарад.

— Оё теъдоди муштариёни ширкати МегаФон Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд аст?

— Алоқаи мо барои 89 фоиз сокинони минтақа дастрас аст, аз ин рӯ, мо шабакаро инкишоф медиҳем. Қисми зиёди аҳолӣ аллакай аз хизматрасонии ширкат истифода мебаранд ва 80 фоизи онҳо муштариёни рақамӣ мебошанд, ки интернети мобилии баландсифат барои онҳо муҳим мебошад.

— Бо кадом натиҷаҳои фаъолият аз ҳама бештар ифтихор доред?

— Пеш аз ҳама, ба шарофати кори гурӯҳи мо алоқа ҳатто дар мавзеъҳои душворгузари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайдо шуд. Мо на танҳо одамонро ба интернет пайваст мекунем, балки онҳоро бо тамоми ҷаҳон мепайвандем, имконияти навро барои муошират, таҳсил ва пешбурди тиҷорат фароҳам меорем. Рақамикунонӣ дар минтақа ба воқеият табдил ёфтааст ва ин ба сифати зиндагии мардум таъсири баланд мерасонад.

Омили дуюм барои ифтихор – коллективи раёсати минтақавӣ мебошад. Он аз як коргар оғоз ёфт ва ҳоло мо шонздаҳ мутахассис дорем. Ва ҳар кадоме – на фақат соҳибкасб, балки узви масъули даста мебошад. Итминон дорам, ки боварӣ ва дастгирии якдигар калиди асосии муваффақият аст. Аксар аъзои дастаи мо таҷрибаи гуногунҷанба доранд. Ин барои боз ҳам беҳтар дарк намудани ҳамдигар мусоидат намуда, ҳароси амалисозии лоиҳаҳои мушкилтаринро аз байн мебарад.

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

 

 

Октябрь 11, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид