Дар Панҷакент 508 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд

Октябрь 13, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 13.10.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар шаҳри Панҷакент 1000 иншооти таъйиноти гуногун бунёду навсозӣ мешаванд. Дар нуҳ моҳи соли равон 508 иншоот ба маблағи беш аз 2,6 миллиард сомонӣ ба истифода дода шуданд. Ҳоло кор дар беш аз 40 иншооти ҳаҷман калон, аз ҷумла 35 бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Инчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 112 фоиз таъмин гардида, хизматрасонии пулакӣ ба зиёда аз 4,2 миллиард сомонӣ расонида шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  456 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар 9 моҳи соли равон истеҳсоли 23 номгӯй маҳсулоти саноатӣ афзуда, 8 коргоҳи истеҳсолӣ ташкил карда шуд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 1,6 миллиард сомониро ташкил дода, 33919,4 тонна ғалла, 56335,4 тонна картошка, 65166,1 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамини давраи соли 2023 зиёд аст.

Ҳамчунин дар майдони 2604,5 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

 

Октябрь 13, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд