Дар шаҳри Роғун Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид

Октябрь 9, 2024 18:25

ДУШАНБЕ, 09.10.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Роғун Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон  ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ҷараёни иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» баррасӣ гардиданд.

Иброз шуд, ки имрӯз дар мамлакат бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити зисту фаъолияти сокинони беҳтар гардида, шаҳрвандон дар фазои орому осуда умр ба сар мебаранд. Аз ин рӯ  масъулинро зарур аст, ки вобаста ба масъалаҳои  арҷгузорӣ ба арзишҳои  миллӣ, эҳтиром нисбат ба муқаддасоти давлатӣ ва худшиносӣ дар байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро бештар гузаронанд.

Инчунин дар ҷаласаи шуро даъват  шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеа вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо амалҳои номатлуб фаъолиятро пурзӯр намуда, дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр саҳм гузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Октябрь 9, 2024 18:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид