Элза Пинйол: «Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 шарафи варзишии Тоҷикистонро ҳимоя намуданд»

Октябрь 3, 2024 11:24

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷамъбасти Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ ва параолимпии Париж-2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинйол дар шаҳри Душанбе бо олимпичиёни тоҷик вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Хонум Элза Пинйол оид ба баргузорӣ ва ҷамъбасти Бозиҳои олимпии Париж- 2024, ки аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар Париж доир шуданд, сухан намуд. Таъкид шуд, ки баъд аз 100 сол Париж бори дигар мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ гардида, дар он беш аз 10 ҳазор варзишгарон аз 205 давлати ҷаҳон барои 329 маҷмуи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат намуданд.

Дипломати фаронсавӣ иброз намуд, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж -2024 варзишгарони тоҷик дар рақобатҳои варзишӣ фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани се медали биринҷӣ комёб гардиданд, ки далели рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон мебошад.

Сафири Фаронса афзуд, ки «зимни тамошои рақобатҳои варзишгарони тоҷик ва комёбиҳои онҳо шод мегардидам, зеро онҳо дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 шарафи варзишии Тоҷикистонро ҳимоя намуда, Парчами миллии давлаташонро дар байни беш аз 200 кишвари ҷаҳон баланд бардоштанд. Се медале, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ба даст оварданд, ифтихори миллати тоҷик аст».

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш – ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштии тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ намуданд. Дар байни онҳо Темур Раҳимов дар вазни +100 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг дар намуди варзиши ҷудо ва Давлат Болтаев дар вазни +92 кг дар бокс соҳиби медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 гардиданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 3, 2024 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод