«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ДИПЛОМАТИЯИ ОБ: АЗ ҚАДАМИ АВВАЛ ТО БА ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ». Нашриёти «Весь мир» таҳти ин унвон китоб нашр кард

Октябрь 1, 2024 18:25

ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Весь мир» маҷмуаеро таҳти унвони «Дипломатияи обии Эмомалӣ Раҳмон: аз қадами аввал то ба шарикии глобалӣ» аз нашр баровард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон пешсаф аст. Тоҷикистон дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ нақшу нуфузи барҷаста дорад», -гуфтааст Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар сарсухани маҷмуаи мазкур.

Тавре дар Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид намуданд,  дар доираи рӯзномаи байналмилалӣ мавзуъҳои сершуморе мавҷуданд, ки аз мушкилоти гуногуни мубрами инсоният ба вуҷуд омадаанд. Дар байни масъалаҳои муҳимтарин ва возеҳи миқёси ҷаҳонӣ ба мавзуъҳое, ки дар доираи салоҳияти Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд, диққати махсус дода мешавад. Яке аз чунин мавзуъҳо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза” ки 25 сол пеш, 1 октябри соли 1999 пешниҳод шуда буд, мебошад.

Бо гузашти чоряк аср, аҳаммияти ин ташаббус торафт афзоиш ёфт; он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта,  ба системаи шарикии глобалии об табдил ёфт.

Бахшида ба ин санаи муҳим таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нашриёти «Весь мир» маҷмуаеро ба татбиқи ин ташаббус таҳти унвони «Дипломатияи обии Эмомалӣ Раҳмон: аз қадами аввал то ба шарикии глобалӣ» аз нашр баровард.

Дар ин маҷмуа на танҳо гуногунрангӣ ва мураккабии мушкилоти истифодаи оби тоза аз ҷониби инсоният, балки фаҳмиши амиқи Тоҷикистон дар бораи ин мушкилоти глобалӣ ба таври қобили мулоҳиза нишон дода шудааст. Ҳуҷҷатҳое, ки ба китоб дохил шудаанд, аз қабили қатъномаҳои Ассамблеяи Генералии СММ,  маърузаҳои Дабири кулли СММ ва суханрониҳои сершумори Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаи  кори пурмаҳсул ва муваффақонаи Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ин маводҳо таърихи пайдоиш ва рушди «Дипломатияи обӣ»-и Пешвои миллатро, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ падидаи нав ба бор овардааст, равшан нишон медиҳанд.

Бо ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзуоти об дар тӯли чоряки аср дар рӯзномаи СММ ҷойгоҳи калидӣ дорад ва масъалаҳои марбут ба об дар муносибатҳои муосири байналмилалӣ аҳаммияти муттаҳидкунанда пайдо мекунанд.

Маҷмуа на танҳо хуҷҷатҳои асоснок ва суханрониҳо, балки маводҳои сершумори пурмазмунро дар бар мегирад, ки дарки онро хеле осон мекунад. Он метавонад ҳам барои сиёсатмадорону дипломатҳо ва ҳам барои мутахассисони соҳаи иқтисод, экология ва об муфид бошад. Илова бар ин, китоб барои омӯзгорон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, ки масъалаҳои марбут ба обро меомӯзанд, ҷолиб хоҳад буд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 1, 2024 18:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид