«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмун қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар вилояти Суғд ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Иброз гардид, ки соли равон барои ташкил ва баргузории озмун, қадршиносӣ намудани ғолибон ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, 643 ҳазору 410 сомонӣ ҷудо карда шуд.
Дар асоси Низомномаи озмун, давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон даври якум ва дуюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Дар он 91 ҳазору 612 нафар хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорону намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, ба даври вилоятии озмун 1330 нафар роҳхат гирифт.
Даври вилоятии озмун аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти кӯдакона, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва наср баргузор гардид.
Дар даври вилоятӣ 126 довталаб, аз ҷумла 18 нафар аз номинатсияи кӯдакона, 24 нафар аз номинатсияи адабиёти классикӣ, 24 нафар аз номинатсияи адабиёти муосир, 24 нафар аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон, 18 нафар аз номинатсияи эҷоди назм ва 18 нафар аз номинатсияи эҷоди наср ғолиби даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» 100 фоиз зиёд гардид.
Ёдовар мешавем, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва бедор намудани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш давоми чанд соли охир озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






