ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе бо яккачинҳои Непал ва Афғонистон бозиҳои дӯстона доир мекунад

Октябрь 25, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), моҳи ноябр дар Душанбе бо иштироки дастаҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Непал, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 иштирок мекунад, силсилаи бозиҳои дӯстона баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

13 ноябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Непал бозӣ мекунад. Пас аз се рӯз, 16 ноябр дар Душанбе вохӯрии Непал ва Афғонистон доир мешавад. 19 ноябр бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор мегардад.

Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, соати 18:00 оғоз мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Октябрь 25, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид