Гулмуроди Саъдулло бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Эронро доварӣ мекунад

Октябрь 31, 2024 09:23

ДУШАНБЕ, 31.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати доварони Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло дар бозии панҷуми даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «А» кор мекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гулмуроди Саъдулло бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон‐2026 байни дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Эронро, ки 14 ноябр дар Лаос баргузор мешавад, ҳакамӣ мекунад.

Ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев ба ӯ кумак мекунанд. Довари ФИФА Насрулло Кабиров довари эҳтиётӣ таъйин шуд. Сивакорн Пу-Удом аз Таиланд дар VAR кор карда, ёвари VAR – ҳаками дигари таиландӣ Виват Ҷумпаоон интихоб шуд. Авни Абдулкарим Саид Ҳассунӣ аз Урдун кори ҳайати доваронро назорат мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Октябрь 31, 2024 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд