Густариши робитаҳои илмӣ бо намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Октябрь 8, 2024 18:24

ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории илмӣ бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, Қобилҷон Хушвахтзода оид ба фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд. Иброз гардид, ки Академияи миллии илмҳо муассисаи худмухтори илмӣ буда, дар самтҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, тиббӣ ва ҷомеашиносӣ таҳқиқот мебарад ва мо омода ҳастем, ки бо намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар ҳама самтҳо ҳамкорӣ намоем.

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки аз пешрафти илмҳои дақиқ, саноатикунонии Тоҷикистон бархурдор аст ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон омода аст дар оянда бо олимони соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва энергетика ҳамкории мутақобилан судманд намояд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 8, 2024 18:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд