Хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо кори наҷотдиҳандагон шинос шуданд

Октябрь 11, 2024 18:20

ДУШАНБЕ, 11.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ (13 октябр) дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.

Иброз гардид, ки ҳамасола бахшида ба ин рӯз дар муассисаҳои таҳсилӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор мегарданд. Инчунин бо иштироки хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳо машқу тамрин ва озмуну мусобиқаҳо ташкил мешаванд.

Аз тарафи мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои расонидани маълумот ва кумакҳои методӣ ба аҳолии мамлакат ҳангоми ба ҳолатҳои ногувор гирифтор шудан замимаи мобилии SOS таҳия гаштааст, ки ба иштирокчиёни ҳамоиш муаррифӣ шуд.

Шиори «Пурзӯр намудани вазифаи насли ҷавон барои ояндаи устувор», ки имсол аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардид, ҷомеаро водор месозад, ки корҳои пешгирикунандаро боз ҳам тақвият бахшида, имконотро самаранок истифода баранд. Инчунин насли ҷавонро ба ин корҳо ҷалб намуда, заминаҳои рушди шахсиро пурзӯртар кунанд.

Ҳамасола дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти давлатҳо зарари молиявии зиёд расида, он ба зиндагии осоиштаи мардум таъсири манфӣ мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Барномаи қолабии Сендай «Стратегияи миллии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034»-ро таҳия ва қабул намуд. Дар он роҳҳои мушаххаси коҳиш додани таъсири ҳама гуна офатҳо пешбинӣ гардидааст.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 11, 2024 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд