Имрӯз дар Узбекистон интихоботи вакилон ба палатаи қонунгузории Олий Мажлис ва шуроҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо доир мегардад
ДУШАНБЕ, 27.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 октябр дар Узбекистон интихоботи вакилони палатаи қонунгузории Олий Мажлис ва шуроҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Маротибаи аввал дар таърихи Узбекистон интихобот ба палатаи қонунгузорӣ бо истифода аз низоми омехтаи интихоботӣ, ки намояндагии мажоритарӣ ва мутаносибро бо ҳам мепайвандад, баргузор мешавад. Интихобкунандагон 75 вакилро интихоб мекунанд ва 75 нафари дигар аз рӯи овозҳои ҳизб интихоб хоҳанд шуд.
Дар интихоботи қарибулвуқуъ ҳамаи панҷ ҳизбе, ки дар кишвар фаъолият мекунанд, 375 номзадро дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 500 номзадро аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар ҳавзаи ягонаи интихоботӣ пешбарӣ шудаанд, сабти ном кардаанд.
Парламент ба муддати панҷ сол интихоб мешавад. Муҳлати ваколати палатаи амалкунандаи қонунгузории Узбекистон, ки моҳи декабри соли 2019 ташкил шуда буд, охири соли 2024 ба охир мерасад.
Аз соли 2005 инҷониб дар кишвар парлумони дупалатагӣ фаъолият менамояд. Ҳама 150 курсии палатаи поёнӣ байни панҷ ҳизби сиёсии расман дар кишвар сабтиномшуда тақсим шудаанд. Инҳо Ҳизби либерал-демократӣ (бо 53 ҷой), Ҳизби демократии “Миллий тикланиш” (“Эҳёи миллӣ” бо 36 ҷой), Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат” (“Адолат” бо 24 ҷой), Ҳизби халқии демократии Узбекистон (бо 22 ҷой) ва Ҳизби экологӣ (бо 15 ҷой) мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






