ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани корҳои пешгирикунӣ беш аз 19 миллион ҷудо гардид

Октябрь 13, 2024 09:44

ДУШАНБЕ, 13.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои пешгирикунӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва таъмини соҳилмустаҳкамкунӣ соли равон аз ҳисоби фонди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захираҳои моддии давлатӣ 19 миллиону 434 ҳазору 558 сомонӣ ҷудо гардид.

Тибқи маълумоти пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуҳмоҳаи якуми соли равон аз ҷониби Кумита 115 машқи ғайринақшавӣ бо ҷалби 28 295 нафар аҳолӣ ва беш аз 759 техника бо гузаронидани тамринҳои махсуси тактикӣ дар мавзеъҳои хавфнок, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуданд. Зимни баргузории ин машқҳо дар мавзеъҳои хавфноки табиӣ корҳои фоиданок амалӣ шуданд.

Дар мавзеъҳои хавфноки шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва минтақаҳое, ки эҳтимоли рух додани ҳолатҳои фавқулодаро доранд, ситодҳои доимӣ ва дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот аз ҳисоби кормандони ташкилоту корхона ва зернизомҳои ҳудудӣ ва вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардидааст.

Бояд гуфт, ки Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 13 октябрро Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо эълон намудааст, ки ҳадафи он мусоидат ба фарҳанги ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад. Ин рӯз имкон медиҳад, ки пешрафтҳои бадастомада дар масъалаи коҳиши хатари офатҳо ва талафоти ҷонӣ, воситаҳои зиндагӣ мутобиқ ба Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030, ки дар конфронси сеюми ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷопон моҳи марти соли 2015 қабул шудаанд, эътироф шаванд.

Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ қобилияти одамон ва ҷомеаи ҷаҳонро дар идоракунии хатари офатҳои табиӣ тақвият мебахшад. Сар задани офатҳои табиӣ ба кишварҳое, ки хатари баланди офатҳои табиӣ доранд, инчунин давлатҳое, ки теъдоди бештари аҳолиашон дар зери хати фақр зиндагӣ менамоянд, таъсири манфӣ мерасонад.

Офатҳои табиӣ ҳамасола дар саросари ҷаҳон ба миллионҳо одамон ва иқтисоди давлатҳо хисороти зиёд меоранд, ки хавфи онҳоро тавассути тадбирҳои фаъол ва банақшагирӣ коҳиш додан мумкин аст.

Дар нуҳмоҳаи соли 2024 дар Тоҷикистон аз шумораи умумии 603 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиии сабтшуда 48 ҳолати он ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ва аҳолӣ зарар расонид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии ҳолатҳои фавқулода тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муносибатҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаҳои хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ки дар Барномаи қолабии Сендай оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 баён шудаанд, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро таҳия намудааст. Ҳадафи ин стратегия- паст намудани хавфи ҷойдошта ва пешгирии хатари нави офатҳои табиӣ бар асоси таҳкими иқтидори миллӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ мебошад.

Воҳидҳои сохтории вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии кумита вазифадор шудаанд, ки бо ҷалби қувваю воситаҳои Низоми ягонаи давлатӣ дар мавзеъҳои хавфноки аҳолинишин машқҳои ғайринақшавӣ гузаронанд. Ҳамчунин корҳои тоза кардани каналҳо, селроҳаҳо, сойҳо, заҳбуру заҳкашҳо ва соҳилмустаҳкамкуниро ташкил намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 30 сол шаҳрвандони зиёди мамлакатро аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ наҷот додааст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 13, 2024 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст