ИМРӮЗ-РӮЗИ ПИРОНСОЛОН. Дар Тоҷикистон нафарони аз 100- сола боло 230 нафарро ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 01.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи пиронсолон муқаррар шудааст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шуруъ аз 2 январи соли 2018 ин сана расман ба феҳрасти идҳои дар мамлакат таҷлилшаванда ворид гардид. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 1990 қатъномае қабул намуд, ки тибқи он 1 октябр Рӯзи байналмилалии пиронсолон эълон карда шуд.
Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат нафарони аз 100-сола боло 230 нафарро ташкил медиҳанд. Инчунин дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор шахсони аз 60-сола боло зиндагӣ мекунанд, ки шаш дарсади аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд.
Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонзода ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки бо назардошти хусусияти давомнокии умр, вазъи саломатӣ ва низоми нафақа шахсони пиронсолро аз рӯйи синн шартан метавон ба гурӯҳҳои зерин тақсим намуд:
— шахсони аз 63-сола то 75-сола (пиронсолон), ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаъол мебошанд ва метавонанд фаъолияти меҳнатиро баъди ба нафақа баромадан идома диҳанд;
— шахсони аз 75-сола то 85-сола (солхӯрдагон), ки нисбатан камҳаракат мебошанд ва аксарияти онҳо ба ёрии тиббӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ниёз доранд;
— шахсони аз 85-сола боло (дарозумрон), ки дорои мушкилоти сершумори саломатӣ ҳастанд ва аксари вақт ба нигоҳубин ва кумаки доимӣ эҳтиёҷ доранд.
Таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ, бахусус пиронсолон яке аз афзалияти сиёсати иҷтимоии мамлакат маҳсуб шуда, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Барои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии пиронсолон дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016 тасдиқ гардидааст, якчанд чорабиниҳои мушаххас, аз қабили баланд бардоштани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ ва дигар хизматрасонии махсусгардонида ва ташкили механизмҳои мусоидат ба шуғли ин гурӯҳи шаҳрвандон пешбинӣ шудаанд.
Қудратулло Қурбонзода афзуд, ки «тибқи талаботи Барномаи давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор гардидааст, ки лоиҳаи Барномаи давлатӣ оид ба масъалаҳои пиршавӣ ва дастгирии иҷтимоии пиронсолонро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ манзур намояд. Қабули барнома имкон медиҳад, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои пешбинишуда ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва некӯаҳволии пиронсолон фаолияти мавҷуда идома ёфта, тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки давомнокии умри миёна дар Тоҷикистон нисбат ба даҳсолаҳои пешин афзоиш ёфтааст, ки ин аз беҳтар гардидани шароити зиндагӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ дарак медиҳад».
Барои шахсони пиронсон дар мамлакат таъмини нафақа яке аз пардохтҳои кафолатдодаи давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Таъмини нафақа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб шуда, аз муқаррароти моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Мақсади асосии он таъмини кафолати иҷтимоии шаҳрвандон дар пиронсолӣ, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тавре директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода 31 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, то 1 июли соли равон дар ҷумҳурӣ 815 ҳазору 658 нафар нафақагирон зиндагӣ мекунанд. Ин рақам аввали соли 2023 763 ҳазору 333 нафарро ташкил медод, ки теъдоди онҳо нисбат ба соли 2022 13 ҳазору 516 ё 1,8 фоиз бештар гардидааст.
«Имсол андозаи нафақаи 775 008 нафақагироне, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифтанд, мавриди индексатсия қарор гирифта, дар натиҷа андозаи миёнаи нафақаи суғуртавии 290 244 нафар аз 368,68 сомонӣ ба 475,75 сомонӣ, нафақаи меҳнатии 294 530 нафар аз 445,34 сомонӣ ба 583,27 сомонӣ ва нафақаҳои иҷтимоии 190 234 нафар аз 259,62 сомонӣ ба 349,45 сомонӣ баробар гардид. Ин маблағҳо бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли соли равон ҷудо гардида, аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулиҳо ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шуданд»,-иброз намуд директори агентӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки индексатсияи нафақаҳо пурра ба анҷом расида, аз оғози моҳи июли соли равон нафақа бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд






